ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР ҶАМШЕД ҶЎРАЗОДА БА МУНОСИБАТИ 26-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2017-09-06

Ташкилёбии давлати соҳибихитиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаи тоҷикон натиҷаи талошҳои пайваста ва ниҳояти ҷонбозиҳои халқхои маскуни ин сарзамин маҳсуб меёбад.
Аз ин лиҳоз дар арафаи таҷлили 26-солагии ин дастоварди бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ ҳамаи устодон ва донишҷўёни азизро самимона ва сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва дар кору пайкоратон барору комёбӣ орзу менамоям.
Воқеан, Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукӯҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ, рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарин баҳо дода, таъкид намуданд, ки “Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад”.
Маҳз туфайли Истиқлолияти давлатӣ халқи шарафманд ва фарҳангзамири тоҷик тавонист, ки ба чашми ҷаҳониён худро ҳамчун халқи соҳибтамаддун, соҳибфарҳанг, бунёдкор, зафарманд, матиниродаву истодагар муаррифӣ намуда, ҷиҳати таҳкимбахшии сулҳу суботи ҷомеа ва дўстии тамоми ҳалқҳои олам, таваҷҷўҳ зоҳир намудан ба муаммоҳои экологӣ ва дастрасии инсоният бо оби тоза ва ба ин монанд ташаббусҳои созанда дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муассири худро гузорад.
Рисолати мо дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ аз он иборат аст, ки дар масъалаи тарғиби моҳияти Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми пурарзиш гузорем ва бо ихтирову донишҳои азбарнамудаи муосир пешсафи ҷомеаи мутамаддин бошем.
Устодону муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро зарур аст, ки дар таҳқиқоту асарҳои худ аҳамият ва муҳтавои Истиқлолияти давлатиро боз ҳам васеътар инъикос намуда, кўшиш созанд, ки асоси офаридаҳои илмии хешро ба таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азиз, инчунин, забон, фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ бахшанд. Баҳри дар қалби ҳар як наврасу ҷавон бедор намудани ҳисси миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон – Тоҷикистон талош варзанд.
Бори дигар ба ҳар яки Шумо рӯзгори бофайзу баракат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ ва пешрафту шукуфоиро орзў менамоям.
Иди Истиқлолият, Иди нусрату шараф муборак!
 
 
                                                                                           Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
Аз назар гузарониданд:684 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар