ба қафо
ДАР ЗАМИРИ ҚАЛБИ МО НОМИ ТУ ҶОВИДОНИСТ
2017-10-26
Имрӯз даргузашти як нафар устоди собиқадори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳайдаров Мақсудҷон Дадоҷонович, ки умри бобаракати хешро сарфи пешравию муваффаққиятҳо дар ин боргоҳи илму маърифат намуда буданд, барои мо як андӯҳи гарон мебошад. Ҳайдаров Мақсудҷон Дадоҷонович яке аз шахсиятҳое ба шумор мераванд, ки дар давоми фаъолияти пурсамарашон корҳои муҳиму арзандаро ба сомон расонида, ҷиҳати ба як маркази муҳими илму маърифт табдил ёфтани он дар канори устодони соҳибноми он нақши арзанда гузоштанд. Тавре аз корномаҳои зиндагии эшон бар меояд бисёр корҳои ободониву хоҷагидорӣ бо ташаббус ва барномарезиҳои ин шахсият ба маънои томаш инсон вобастагии калон доштааст.
Ҳайдаров Мақсудҷон Дадоҷонович 9-январи соли 1956 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд ёфтааст. Соли 1973 мактаби миёнаи №13-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо баҳои аъло хатм намудааст. Соли 1978 Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров)-ро бо ихтисоси муаллими география-биология хатм кардааст. Солҳои 1978-1980 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистӣ хизмат намудааст.
Солҳои 1980-1984 дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №24 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун омўзгори фанни география фаъолият намудааст. Солҳои 1985-1986 кормўз –тадқиқотчии кафедраи гидрология ва муҳандиси–геологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, фаъолият бурдаанд.
Солҳои 1986-1989 аспиранти таҳсилоти рўзонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардид. М.Д. Ҳайдаров дар мавзўи “Тағйирёбии хосияти физико-механикии ҷинсҳои лёссӣ ва лёссмонанд дар зери таъсири намӣ” соли 1990 рисолаи нормзадиро ҳимоя кард. Иштироккунандаи якчанд конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо дар шаҳрҳои Маскав (1986-1989), Ростови лаби Дон (1989), Рига (1988), Боку (1990), Грозный (1990), Тошканд (1984), Душанбе (1985), Қўрғонтеппа (1991), Хоруғ (2008) буда, муаллифи беш аз 40 мақолаи илмӣ-методӣ мебошанд.
Аз солҳои 1989 то соли 1993 чун омўзгори калони факултаи фанҳои табиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба толибилмон дарс мегуфт. Солҳои 1993-1998 ба ҳайси дотсент, мудири кафедраи географияи табиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст. Аз соли 1998 то 2008 ба вазифаи мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти худро идома додааст.
Солҳои 2008-2011 ноибдекан оид ба таълими факултети фанҳои табиӣ, солҳои 2011-2013 ноибдекан оид ба таълими факултети география ва экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буданд.
Аз ноябри соли 2013 то инҷониб дар вазифаи мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурдааст. Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш устод Ҳайдаров М.Д. аз фанҳои географияи хок бо асосҳои хокшиносӣ, геоэкология, асосҳои иқтисодиёт ва технологияи соҳаҳои асосӣ ба донишҷўён таълим дода, ҳамчун роҳбари таҷрибаомўзии таълимии омўзгорӣ фаъолият доштанд. Оиди фанҳои мазкур якчанд китобҳои дарсӣ ва раҳнамои таълимӣ, аз қабили “Асосҳои техникӣ ва иқтисодии истеҳсолот”, “Географияи хок бо асосҳои хокшиносӣ”, “Корҳои амалӣ аз фанни хокшиносӣ” ва мақолаҳои зиёд ба қалами ӯ ба чоп расидааст.
М.Д. Ҳайдаров солҳои зиёд бо Ассотсиатсияи дӯстдорони табиати вилояти Суғд ва Институти тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ ҳамкорӣ намуда, дар ҷодаи баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҳифзи экосистемаҳо, мониторинги муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, корҳои зиёдеро ба сомон расонида вазифаи муҳаррири газетаи “Ганҷи Сайҳун” – ро дар ӯҳда дошт.
Устод дар байни аҳли ҷомеаи факултет ва донишҷўён обрўю эътибори хосеро дошта, бо Ифтихорномаи Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коркунони маориф ва илми вилояти Суғд (1991), Ифтихорномаи ВМҶТ (2002) (Душанбе), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардидаанд.
Тарки ӯ дунёи ҳастиро барои аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров талху андўҳгин аст. Дуо мекунем, ки дар дунёи абадият рўҳат шод бод ва манзили охиратат обод бод!
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:693 нафар
баён кардани ахборот







