ба қафо
ТАВАҶҶӮҲ БА МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР
2017-10-26
Дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ устодон бо волидони донишҷӯёни курси аввал гузаронида шуд. Дар вохурӣ масъалаҳои сатҳу сифати таҳсили донишҷӯён, шароити хобгоҳ, таъмини маводи дарсӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар рафти соли хониш ба миён меоянд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлис маъмурияти факултет иттилоъ доданд, ки донишҷӯёни фаъол ва намунавӣ метавонанд баъди хатми дараҷаи бакалавр ба магистратура дохил шуда таҳсилашонро идома диҳанд. Яке аз масъалаҳои муҳим дар ин вохӯри баррасии “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” буд, ки аз ҷониби устодони факултет ва волидони донишҷӯён мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз падару модарони донишҷӯён талаб карда шуд, ки назорати фарзандонашонро ҳамешагӣ ба роҳ монда, аз раванди таҳсили онҳо пайваста огоҳ шаванд.
Ба маъмурияти факултет аз ҷониби волидон дар мавриди таҳсили фарзандонашон суолҳо дода шуда, барои пешравии фаъолияти таълимии онҳо пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардид.
Ҳоло дар факултети филологияи тоҷик наздики 200 нафар донишҷӯёни курси аввал ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ки аз онҳо 30 нафарашон донишчӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ ва 147 нафарашон донишҷӯёни ихтисоси забон ва адбиёт буда, 19 нафари боқимонда дар ихтисоси фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватани таҳсил мекунанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:617 нафар
баён кардани ахборот







