ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ВАҲДАТ – МАРОМИ ОЛИИ МИЛЛАТ
2017-10-27

Нашриёти «Нури маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров китоби мудири кафедраи таърихи Ватан, доктори илмҳои таърих, профессор  Набиев Ваҳҳоб Машрафовичро таҳти унвони «Ваҳдат–мароми олии миллат» аз чоп баровард. Рисолаи мазкур  маҷмӯи асарҳои илмиву оммавӣ роҷеъ ба таърихи таҳкими сулҳ, ризоияти ҷомеа, ваҳдати миллӣ дар мамлакат буда, зери назари ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба нашр расидааст. Китоб дар таҳияи Қобилов Зафарҷон омода шуда, зери тақризҳои профессор Усмонҷон Ғаффоров ва дотсент Шавкат Шарифов чоп гардидааст.
Хусусияти барҷаста ва муҳими  тадқиқоти Ваҳҳоб Набиев асосан дар  таҳлилу ҷамъбасти  ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҳизбу  ҳаракатҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар масири комёб шудан ба сулҳу ризояти миллӣ ҷилвагар мешавад. Мақолаҳои илмии  “Ҳамкорӣ баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ”, “Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои  ҷамъиятии Тоҷикистон дар марҳилаи ҷомеаи баъдинизоӣ” “Самараи ризоият”, “Сулҳофарии тоҷикон” ва дигарҳо шаҳодати гуфтаҳо буда,дар онҳо муҳимтарин нақши ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, инчунин зарурати таъсиси он дар раванти таҳаввули  фарҳанги сулҳофаврини тоҷикон ва амсоли ин инъикос ёфтааст. Хулоса рисола барои ихлосмандон, муҳаққиқони соҳаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун сарчашмаи илмӣ ва дастур хидмат карда метавонад.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:621 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар