ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАШКИЛОТИ МУБОДИЛАИ ИЛМИИ ОЛМОН (DAAD) ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
2017-10-27

Дар асоси ҳамкории шуъбаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо хадамоти мубодилаи (DAAD) дирӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ конфронс ташкил карда шуд. Дар конфронси мазкур намояндаи ин ташкилоти илмию таълимӣ хонума Никола Фёрингер ба устодону донишҷӯён дар бораи роҳҳои таҳсил ва тадқиқот дар донишгоҳҳои Германия малумот дод. Ҳангоми чорабинӣ ҳозирин ба худ маълумотҳои заруриро гирифтанд. Ғайр аз ин, яке аз донишҷӯёни донишгоҳ, ки тавассути барномаи DAAD дар курси забономӯзии якмоҳина иштирок карда буд, дар бораи сафари худ ба Германия нақл карда дод. Дар қисми дуюми чорабинӣ ба хоҳишмандон филми бадеӣ бо забони олмонӣ намоиш дода шуд, ки он боиси васеъ гардидани ҷаҳонбинии донишҷӯён гардид.
Бояд қайд кард, ки ин чорабинӣ ба нақшаи кории маҳфили илмии донишҷӯён рост омада, аъзоёни маҳфили “Германистони ҷавон” дар он фаъолона иштирок намуданд. 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:709 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар