ба қафо
МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶЎЁНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОР
2017-10-27
Дар факултети молия ва иқтисодиёти бозори донишгоҳ маҳфили илмии донишҷўён баргузор гардид. Дар ин маҳфил устодони факултет ва донишҷўён иштирок намуданд. Сараввал ноибдекан оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Р. Мавлонов маҳфилро ифтитоҳ намуда, таъкид сохт, ки маҳфили мазкур тибқи нақшаи тасдиқшуда бо мақсади ҷалби донишҷўён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил карда шудааст. Сипас роҳбари маҳфили илмии факултет муаллима Н. Рахматова қайд намуд, ки таваҷҷўҳ ба дастгирӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз ҳамчун яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хирадмандонаи маҳсуб ёфта, ин тадбири муҳим ба таҳкими фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну аспирантон, саҳми боризи онҳоро дар пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мусоидат намудааст.
Дар маҳфил донишҷўён Х. Рахматова, М. Абдуаҳатова, М. Сангинова, А. Мамадҷонова бо маърўзаҳои илмӣ баромад намуда, диққати ҳозиринро ба масъалаҳои муосири иқтисодӣ ҷалб намуданд. Бо баробари омода намудани маърўзаҳои худ донишҷўён аз воситаҳои техникии муосир, яъне муаррифӣ бештар истифода бурданд. Дар мавриди гузаронидани маҳфил доир ба мавзўҳои мухталифи замон баҳсу мунозира байни донишҷўён ва устодон бештар ба назар мерасид.
Дар интиҳои маҳфил муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети мазкур Р. Мавлонов доир ба аҳамияти чунин маҳфилҳо сухан кард ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани маҳфил ба ташкилкунадагони он миннатдорӣ баён кард. Дар навбати худ роҳбари маҳфил муаллима Н. Рахматова барои иштироки фаъолонаи устодону донишҷўён арзи сипос намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:783 нафар
баён кардани ахборот







