ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ДОНИШҶӮ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ
2017-10-27

Маҳфили илмию амалӣ навбатии кафедраи умумидонишгоҳии «Информатика», таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар синфхонаи №301-и бинои таълимии №3 доир гардид, ки дар он устодони кафедра ва донишҷўён иштирок намуданд. 
Ба маҳфили илмӣ-амалӣ мудири кафедраи мазкур дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшида, аз мақсади ташкил кардани ин маҳфил ва  ҳадафҳои асосии он ҳарф зад.  Номбурда дар баромади хеш зикр кард, ки иштирокчиёни навбатии маҳфили  илмию амалии “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” донишҷўёни соли аввали факултети таърих ва ҳуқуқ мебошанд.
Озмуни мазкур аз рўи 4 шартҳои «Саволу xавоб тариқи шифоҳӣ», «Пурсиши дониши донишҷў тариқи хаттӣ», «Кор кардани донишҷў бо компютер» ва «Ворид намудани матн ба компютер» ба роҳ монда шуд, ки донишҷўён бо лаёқати баланд иҷро намуданд.  
Дар ин маҳфили илмию амалӣ барои шаффоф гузаштани  он аз тарафи устодони кафедра ҳайати ҳакамон иборат аз се нафар муайян карда шуданд, ки онҳо баъди иҷрои ҳар бахш баҳогузорӣ менамуданд. 
Дар интиҳои озмун барои иштироки фаъолонаи донишҷўён мудири кафедра   Ҳ. Аҳмедов изҳори миннатдорӣ намуд. 
Сазовори ҷойи якум донишҷўйи соли аввали факултети таърих ва ҳуқуқ Муталиб Маҳмудов, ҷойи дуюм Азиза Ваҳҳобова ва ниҳоят зинаи сеюм насиби Амирҷон Муйдинов гардид. 
Устод Ҳусейнбой Аҳмедов барои ғолибони маҳфил аз номи ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода ифтихорнома ва дигар тўҳфаҳои хотиравиро супорид ва аз ҷумла қайд кард, ки ин гуна маҳфилҳо бо донишҷўёни соли аввали дигар факултетҳо низ гузаронида мешаванд. Мақсади асосии мо ин шавқу рағбати донишҷўёнро нисбат ба омўзиши фанни информатика бедор намудан мебошад. 
Ба устод Абдулаҳай Рӯзимуродов, сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии информатика, барои ғолибияти шогирди хеш дар зинаи аввал ифтихорнома низ супорида шуд. 
Иштирокчиён барои ташкил кардани чунин маҳфили илмию амалӣ ташкилкунандагони он изҳори ташаккур намуданд. 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
 
Аз назар гузарониданд:672 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар