ба қафо
ВОХЎРИИ ДОНИШҶЎЁНИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ БО НАМОЯНДАГОНИ РАЁСАТИ ВКД ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
2017-10-30
Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва дар амал татбиқ намудани рукнҳои Консепсияи миллии тарбия, аз ҷумла тарбияи ҳуқуқӣ ин пеш аз ҳама ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ махсуб меёбад, ки дар ин самт дар факултети педагогӣ кор тибқи нақша идома дорад.
Бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ вохўрии донишҷўёни факултети педагогӣ бо сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милиса Саидзода Баҳром Раҷабалӣ ва муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милиса Турсунов Нозимҷон Дадаҷонович баргузор гардид.
Вохўрӣ дар аудотория 513 бо иштироки 80 нафар донишҷўёну 7 нафар омўзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ сурат гирифт.
Подполковники милиса Саидзода Баҳром Раҷабалӣ оид ба мавзўи «Пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта дар байни ҷавонон» маърўза намуда, оид ба сабаб, натиҷа ва оқибати вазнини даст задан ба ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта маълумоти муфассалро пешниходи донишҷўён намуд.
Дар охири вохўрӣ байни меҳмонон ва донишҷўён сўҳбати озоду ошкоро ва саволу ҷавоб барпо гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:527 нафар
баён кардани ахборот







