ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛИИ “ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ НАВИН”
2017-09-07

Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Конференсияи илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Истиқлолияти миллӣ ва рушди Тоҷикистони навин” бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. 
Дар кори конфронс намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимои ва робита кор бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Шамсиева Манзура Набиевна ва устодону донишҷўёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Чорбинии мазкурро муовини ректор оид ба корҳои таълим  доктори илмҳои география, профессор Раҳимов Абдуфаттоҳ Иброҳимович  ҳусни ифтитоҳ  бахшида, ҳозиринро аз номи ректори донишгоҳ табрик ва пазироӣ намуд. 
Нахуст мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимои ва робита кор бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Шамсиева Манзура Набиевна суханронӣ намуда, ҳозиринро аз номи Раиси вилояти Суғд, Муовини аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ шодбош гуфта қайд намуд, ки “Дастоварди бузургтарини мо дар тўли 26 соли истиқлолият ин пеш аз ҳама барқарор намудани сулҳу суботи комил, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки маҳз бо шарофати хирадмандонаву сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид”.
Сипас олимони ҳамин донишгоҳ: доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи сиёсатштносӣ Оқилова Матлуба Маҳмудҷоновна бо маърўзаи  “Раванди истиқлолгароӣ дар Тоҷикистони навин”, номзади илмҳои таърих, дотсенти  кафедраи  таърихӣ  умумӣ Аюбов Абдусалом Раупович дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва  дастовардҳои  маорифи Тоҷикистон” ва сармуаллимаи кафедраи таърихи ватан Ғафурова Гулсарахон Абдулатиповна дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва  ҳадафҳои стратегиии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, баробари ёдовар шудан аз дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ҳамчунин ҷиҳати таҳкимбахшии аркони давлатдории миллӣ ва таъмини истиқлолияти комили Тоҷикистон ақидаҳои созанда баён доштанд.
 
 
                                                                                              Маркази иттилоот ва таҳлили раёсти донишгоҳ
 
Аз назар гузарониданд:756 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар