ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ГЕРМАНИСТОНИ ҶАВОН
2017-10-31

Дар утоқи 309-и факултети забонҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи забони олмонӣ “Германистони ҷавон” баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он дотсент М.А.Сулаймонова  оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзнома шинос намуд. Қайд карда шуд, ки мавқеи Йоханн Волфганг Гёте дар адабиёти Олмон ва ҷаҳон хеле баланд буда, ӯ дар таърихи инсоният яке аз барҷастарин инсонҳо ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз доштани маълумоти пурра дар бораи Гёте, донистани ашъору асарҳои ӯ барои муҳассилини гурӯҳҳои олмонӣ хеле муфид ва муҳим мебошад. Дар бораи “Девони ғарбӣ-шарқи”-и Гёте донишҷӯи курси 3 Нодир Ҷабборов маърӯза кард. Дар охир  мубоҳисаи хеле шавқовар барпо карда шуд. 
Дар охир аз тарафи роҳбари маҳфил қайд карда шуд, ки ҷаласаи навбатӣ санаи 16 ноябр  соати 14.00 бо маърӯзаи донишҷӯи курси 2 Абдусаттори Абдураҳим таҳти унвони “Олмон: халқ, таърих ва фарҳанг” ва тамошои филми кишваршиносӣ дар бораи Олмон ба нақша гирифта шудааст. Хоҳишмандон ва ҳаводорони забони олмонӣ дар кори маҳфил иштирок карда метавонанд.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:580 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар