ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶАМЪБАСТИ КОНФРОНСИ ДОНИШҶЎЁНИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ
2017-10-31

Вазифаи асосии баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар таълимгоҳҳои омӯзгорӣ ин ташаккули қобилияти омӯзгорӣ, дар донишҷӯён бедор намудани шавқ ва тарбияи меҳру муҳаббат нисбати касби омӯзгорӣ мебошад. Барои ҳалли вазифаҳои мазкур мавқеи факултети педагогӣ басо муҳим аст, зеро муаллимони синфҳои ибтидоии баландихтисосро тайёр мекунад. Таҷрибаомўзӣ  яке аз василаҳои хуби дар амал татбиқ намудани донишҳои  назариявӣ  буда, барои  баланд  шудани сатҳи касбӣ ва таҷрибаандўзӣ  имконияти хуб фароҳам меорад.
Донишҷуёни  курси панҷуми  шўъбаи  ғоибонаи факултет  тўли 4 ҳафта дар мактабҳои  шаҳр  таҷрибаомўзӣ гузаронида, дар арафаи ҷамъбаст  қарор доранд.
Санаи 27.10.2017 дар МТМУ № 7–и шаҳри Хуҷанд  конфронси  ҷамъбастии таҷрибаомўзон  (роҳбар –мушовир  муаллимаи  кафедраи  табиӣ –риёзӣ, эстетикӣ  ва методикаи  таълими он М. Маҳмудшехова) баргузор гардид, ки он ба 25–солагии Иҷлосияи  ХVI  Шўрои Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бахшида  шуда,  «Иҷлосияи   тақдирсози  миллат»  унвон дошт.
Дар конфронс  роҳбари  умумии таҷрибаомўзӣ  дотсент Ў.Сатторов  психолог  Мухторова М., педагог С. Элмуродова  ва муаллимони мактаб–Д. Ҳодибоева  (синфи 3а), М. Юнусова  (синфи 2б), Ю. Раҳматова  (синфи  4в)  иштирок ва суханронӣ намуданд.  Хонандагони синфҳои  дуюм, сеюм бо хондани шеъру суруд дар васфи  Тоҷикистон, Пешвои миллат, муаллим, илму дониш  ва ғайра ба конфронс  ҳусни тоза  зам намуданд. 
  Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:591 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар