ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ВОХӮРИИ МУҲАССИЛИНИ ДОНИШГОҲ БО КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА
2017-11-01

Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таклифу пешниҳодҳои мардуми кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он ба хотири баланд бардоштани  сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат нигаронида шудааст. Ҳамзамон ин тағйироту иловаҳо аз ҷониби ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд ва аз тарафи сокинони кишвар низ ба хушнудӣ истиқбол гардид.
Бо назардошти татбиқи ин қонун нақшаи чорабиниҳои муштарак бо баргузор гардидани силсилавохўриҳо бо кормандони дастгоҳи Прокуратураи вилояти Суғд бо устодону донишҷўёни донишгоҳ вобаста ба фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ”, тағйиру иловаҳои ба қонунҳои мазкур аз 28.08.2017 воридкардашуда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 августи соли 2017 зимни ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД ҶТ баён гардиданд, роҳандозӣ шуда истодаанд.
Чунончӣ, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Прокуратураи вилояти Суғд аз санаи 5 уми октябри соли 2017 то имрўз дар 11 факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, филологияи рус, геоэкология, тарбияи ҷисмонӣ, физика ва техника, математика, биология ва химия, санъати тасвирӣ ва технология ва телекоммуникатсия ва технологияи иттилоот, педагогӣ ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сардори шўъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғону ҷавонони Прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 2 З. Ғ. Қаюмзода, прокуророни калони ҳамин шуъба, мушовири адлияи дараҷаи 2 Д.Ҷўраева ва мушовири адлияи дараҷаи 3 Х.Ҳ. Худоёрзода баргузор гардид.
Дар вохўриҳо устодони донишгоҳ муовини ректор оид ба тарбия дотсент, М.Шамсидинов, мудири шуъбаи тарбия номзади илмҳои фалсафа Ф.Ҳодибоев,  мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи донишгоҳ дотсен, Ўлмасов М. ва мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент И.Ҷабборов низ иштирок ва баромад намуданд. 
Дар вохўриҳои баргузоргардида беш аз 1200 нафар устодону донишҷўёни факултетҳои донишгоҳи мазкур ширкат доштанд. Маърўзачиён қонунҳоро шарҳу возеҳ дода, моҳияти ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои болозикрро фаҳмониданд. Пас аз суханрониҳо иштирокчиёни вохўриҳо ба саволу ҷавоб даъват карда шуда, онҳо ба саволҳои нофаҳмои худ оид ба теъдоду меъёри муайяншудаи “хатнасур”, “домодталабон”, ҷашни “зодрўз”, ки дар иҳотаи оила сурат мегирад, риояи қонунҳо оид ба “Тўйи арўсию домодӣ”, манъи бо воситаҳои техникӣ ҳозир шудани донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва чораҷўӣ нисбати қонунвайронкунандагон ҷавобҳои қонеъшаванда гирифтанд.  
Дар вохўриҳо устодону донишҷўён сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо як шавқу завқи хоса ҷонибдорӣ намуда, минбаъд риояи талаботҳои ба қонун воридгардидаро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.
Чорабиниҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ ва тарбиявию маърифатӣ  сурат гирифта, тибқи нақша идома ёфта истодааст.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:576 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар