ба қафо
ТАШАККУЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
2017-11-01
Мувофиқи нақшаи семинари илмӣ-методии кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ семинари навбатӣ баргузор гардид. Мудири кафедра ҳозиринро ба рўзномаи семинар шинос намуда, таъкид сохт, ки мувофиқи нақаш ду маърўза пешбинӣ шудааст. Маърўзаи аввал аз ҷорниби дотсенти кафедра М. Маҳмудҷонова дар мавзўи «Мавридҳои истифодаи вожаи «наҳор» дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва гўиши маҳалли Хуҷанд» ва дувум аз ҷониби сармуаллим А. Одинаев дар мавзўи «Ташаккули забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлолият» пешниҳод гардидааст.
Аз рўйи мавзўи аввал дотсент М. Маҳмудҷонова баромад намуда, таъкид сохт, ки вожаи «наҳор» дар чандин фарҳангҳои муътабари форсии тоҷикӣ шарҳу маънидод гардида, дар «Шоҳнома»-и Ҳакими Тўсӣ бо маъниҳои мухталиф корбаст шудааст. Ҳамчунин тазаккур ёфт, ки вожаи мазкур ба маънии хўроки субҳона дар тўй то имрўз дар лаҳҷаи мардуми Хуҷанд мавриди истифода қарор мегирад.
Дар атрофи заминаҳо ва омилҳои ташаккули забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлолият А. Одинаев маърўза намуда, тазаккур дод, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташаккули худшиносиву худогоҳӣ забони тоҷикӣ ба як марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Дар идомаи маърўза таъкид гардид, ки ташаккули забони тоҷикиро дар ин давра метавон ба чанд марҳала, аз ҷумла қабули қоидаҳои имло (1998), ба тасвиб расии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва таълифи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» (2016) дастабандӣ намуд.
Семинари мазкур бо саволу ҷавоб ва баҳс доир ба омилҳои ташаккули забони тоҷикӣ дар давраи истиқлолият ба анҷом расид.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:611 нафар
баён кардани ахборот







