ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БЕҲТАРИН ЛОИҲАИ ИННОВАТСИОНӢ (НАВОВАРӢ)
2017-11-01

Раёсати  донишгоҳ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.10.2017, №3.3/1-1198-в ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.10.2017, №09/2-318 ҷиҳати дарёфти ҷавонони лаёқатманду навовар озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтиъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” марбут ба рушди илм ва татбиқи навоварӣ бо мақсади пешрафти ҷомеа ва бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд.
Даври якуми озмунро то санаи 20.11.2017 дар факултет баргузор намуда, ғолибонро барои иштирок ба даври финалӣ ба Раёсати илм ва инноватсия пешниҳод намоед.
Ҷамъбасти озмуни донишгоҳӣ санаи 27.11.2017 баргузор мегардад. Аз ин рӯ ба Шумо дастур дода мешавад, ки оиди баргузории озмуни мазкур байни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос PhD ва докторантон анъанавӣ (то 30 сола) чораҳои зарурӣ ва амалӣ андешида, санаи баргузории озмуни факултетиро пешакӣ ба Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ тариқи пешниҳоди хаттӣ маълум намоед.
Лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионӣ (навоварӣ) бо нишон додани мақсад, натиҷаи амалигардӣ, саҳм дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва будҷети татбиқшавӣ бояд пешниҳод карда шавад. 
Воқеияти татбиқи лоиҳаи пешниҳодгардида бо далелҳои реалӣ ва мутобиқ ба шароити имрӯза бояд асоснок карда шаванд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:590 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар