ба қафо
ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА МИЛЛАТСОЗ
2017-11-02
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи навро боз намуд. Маҳз ҳамин иҷлосия ягонагии миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард. Аз ин рӯ санаи 31.10.2017 бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ аз тарафи донишҷӯёни курси 1 дар хобгоҳи № 2 чорабини бахшида ба 25 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабиниии мазкур садорати факултет, мудирони кафедраҳо, омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок карданд.
Чорабинӣ бо хондани шеър оғоз бахшида шуда, маърӯзае таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз ва миллатсоз” аз ҷониби донишҷӯён Ш. Исмоилова ва Н. Камолзода хонда шуд.
Сипас аз тарафи донишҷӯён суруд оид ба ватан ва ватандӯстӣ пешкаши тамошобинон гардид.
Инчунин аз ҷониби донишҷӯёни курси якум шеърҳо аз ашъори шоирон пешкаши тамошобинон гардид, ки он хеле пурмазмун буда, аз бурду бохти миллат дар тӯли 25 – соли истиқлолият маълумот дод.
Дар анҷом филм-навор оид ба таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши тамошобинон гардид, ки бо суруд оид ба ватан ҳамроҳӣ карда шуд.
Дар ҷамъбаст сухан ба мудири кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ С.Р.Азимова дода шуд, ки ба ҳамаи маърӯзачиён ва иштирокчиён, бахусус ба донишҷӯёни боистеъдод барои хондани суруд изҳори миннатдорӣ намуда қайд кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои дар руҳияи ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон мусоидат мекунад.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:286 нафар
баён кардани ахборот







