БЕҲТАРИН ЛОИҲАИ ИННОВАТСИОНӢ (НАВОВАРӢ)
Раёсати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.10.2017, №3.3/1-1198-в ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.10.2017, №09/2-318 ҷиҳати дарёфти ҷавонони лаёқатманду навовар озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтиъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” марбут ба рушди илм ва татбиқи навоварӣ бо мақсади пешрафти ҷомеа ва бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд.
Даври якуми озмунро то санаи 20.11.2017 дар факултет баргузор намуда, ғолибонро барои иштирок ба даври финалӣ ба Раёсати илм ва инноватсия пешниҳод намоед.
Ҷамъбасти озмуни донишгоҳӣ санаи 27.11.2017 баргузор мегардад. Аз ин рӯ ба Шумо дастур дода мешавад, ки оиди баргузории озмуни мазкур байни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос PhD ва докторантон анъанавӣ (то 30 сола) чораҳои зарурӣ ва амалӣ андешида, санаи баргузории озмуни факултетиро пешакӣ ба Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ тариқи пешниҳоди хаттӣ маълум намоед.
Лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионӣ (навоварӣ) бо нишон додани мақсад, натиҷаи амалигардӣ, саҳм дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва будҷети татбиқшавӣ бояд пешниҳод карда шавад.
Воқеияти татбиқи лоиҳаи пешниҳодгардида бо далелҳои реалӣ ва мутобиқ ба шароити имрӯза бояд асоснок карда шаванд.
Эзоҳ: сана, вақт ва ҷойи баргузории озмунҳо дар факултет, хамчунин
ҳайати ҳакамони озмуни факултетӣ то санаи 10.11.2017 маълум карда
шуда, тариқи хаттӣ ба Раёсати илм ва инноватсия манзур карда шавад







