ба қафо
ДУНЁРО ХУРШЕД РАВШАН МЕКУНАД, ДИЛҲОРО КИТОБ
2017-09-08
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати 26- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» таҳти унвони «Биёед, китоб мехонем» аксияи китобро баргузор намуд, ки дар он бештари Китобхонаҳои вилоят китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд. Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳам ба монанди дигар муассисаҳои фарҳангӣ китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳро ба намоиш гузошт, ки аз он хонандагони мактабҳои миёна, олӣ ва умуман мардумони касбу кори гуногун ғизои маънавӣ бардоштанд. Дар аксияи мазкур 50 номгў ва 108 адад китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 800 адад китобҳои устодон ва олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба намоиш гузошта шуд. Ҳадаф аз гузаронидани « Аксияи китоб» ин тарбияи насли ҷавон, тарғибу ташвиқи фарҳанги китобдорӣ ва мутолиаи китоб мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
Аз назар гузарониданд:711 нафар
баён кардани ахборот