ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ВОХӮРӢ БО МАГИСТРАНТОН
2017-11-07

Ноибректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ ва иноватсияи донишгоҳ Х.М.Сабуров дар вохӯрии вижа бо магистрантони соли аввали донишгоҳ аз донишҷӯёне, ки дар соли дуввуми шӯъбаи магистратураи донишгоҳ идомаи таҳсил доранду, аммо мақолаҳои илмиашон дар ягон маҷаллаву маҷмӯъаҳои илмӣ чоп нашудааст, ҷиддан интиқод намуд. Мавсуф таъкид кард, ки дар ҳолати дар давоми соли хониши аввал дар маҷаллаҳои илмӣ чоп нагардидани мақолаҳои илмӣ магистрант, ӯ барои идомаи таҳсил дар соли дуввум роҳ дода намешавад.  Ин нуктаҳо дар  вохӯрии махсуси магистрантони соли аввал бо масъулини донишгоҳ зимни вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта мешавад, ки ин иқдом ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии олимони ҷавон роҳандозӣ шудааст, ва бино ба гуфтаи масъулин тасмим ҳаст, ки илмомӯзии магистарантон боз ҳам ҷиддитар зери назорат гирифта шавад. Дар ҷарайёни вохӯрӣ магистрантон бо  суолҳои  худ перомуни масоили  интихоби мавзӯъи илмӣ, усулҳои таҳия ва навиштани мақолаи илмӣ,  тарзи кор бо роҳбари илмӣ ва амсоли ин дигар масъалаҳои марбута  аз масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

Мавриди қайд аст, ки донишгоҳ  дар самти омода намудани кадрҳои ҷавони соҳибистеъдод тасмимҳои ҷиддӣ роҳандозӣ намудааст. Феълан дар шӯъбаи магистратураи донишгоҳ дар умум 440 нафар магистрантон таҳсил доранд, ки аз ин теъдод беш аз 214 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи довталабон ба шӯъбаи магистратураи донишгоҳ сол то сол рӯ ба афзоиш дорад ва соли ҷорӣ ба шӯъбаи магистратураи донишгоҳ 250 нафар дохил шуданд, ки ин шумор дар қиёс ба дохилшудагони соли гузашта 60 адад зиёдтар аст.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:603 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар