Устодони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ, саромӯзгорон М. Сатторова Қ. Ӯзбекова Н. Алимухамедова ва омӯзгор Ғ. Қурбонов санаи 27.10.2018 ба мактабҳои № 5, 34 ва МХБ ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо хонандагони синфи 11 вохӯрӣ гузаронида онҳоро барои таҳсил дар курсҳои тайёрии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даъват намуданд. Омӯзгорон дар бораи курсҳои тайёрӣ маълумоти муфассал доданд ва ба хонандагону омӯзгорон варақаи эълон оид ба қабул ба курсҳои тайёрии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро тақсим намуданд.
Гуфта мешавад, ки чораҳои мазкур айни ҳол дар дигар муассисаҳои маорифи вилоят низ бо маром баргузор шуда истодааст.
Нақша ҳаст, ки аз санаи 8.09.2017 то 1.04.2018 машғулиятҳо барои курсҳои тайёрӣ оғоз карда мешаванд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







