Ба таваҷҷӯҳи устодону олимон, донишҷӯёну магистрантон, унвонҷӯёну аспирантони Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров расонида мешавад, ки раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин”- ро баргузор менамояд.
Бинобар ин, ҳамаи кормандони донишгоҳ новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмуни “Иншои беҳтарин” ширкат варзанд.
Муҳлати охирони қабули иншо санаи 1-уми декабри соли равон Суроға : шаҳри Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1, раёсати илм ва иноватсия, утоқи №109
Масъули озмун: И.в. сардори илм ва иноватсия Мирзоев С. Х.
Тел. барои тамос : (92) 756-64-54 тел: корӣ 6-37-26
Ғолибони озмуни “Иншои беҳтарин” аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.
Мавзӯҳои меҳварии озмуни “Иншои беҳтарин”:
- Донишгоҳи ман-ифтихори ман
- Кохи бузурги илму ирфон
- Зинда бош, эй донишгоҳи азиз
- Донишгоҳ -махзани илму ҳунар
- Нақши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар рушду инкишофи илми тоҷик
-Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Истиқлолияти миллӣ
-Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон
- Самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
- Нақш ва ҷойгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот
- Ташрифу мулоқотҳои Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ва аҳамияти таърихии он
- Саҳми устодони донишгоҳ дар ободониву шукуфойии Тоҷикистони соҳибистиқлол
- Донишгоҳ ва сиёсати забон
- Дирӯз ва имрӯзи донишгоҳ
Маркази иттилоот ва таҳлил
vvv







