ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ
2017-11-10

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ дар факултети педагогика чорабинии тарбиявӣ  бахшида ба 25 – солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дўсти халқҳои тоҷику  рус дар даврони истиқлолият»  баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии ду кишвари ба  ҳам дўсту  бародар оғоз  гардида, сипас донишҷўён оид ба масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Росия (бахусус дар солҳои Истиқлолият) маърўза намуда, аз ашъори манзуми шоирони тоҷику рус мисраҳо қироат  карданд.

Сипас дотсенти кафедра С.Ҷ. Элмуродова бо истифода аз муаррифӣ оид ба мавзўи «Дўсти халқҳои тоҷику рус дар даврони истиқлолият» маърўза намуда, бо овардани иқтибос аз Паёми– Асосгузори сулху ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз донишҷўён  дархост ба амал овард, ки нисбати забономўзӣ эътибори хоса зоҳир намоянд. Зеро донистани забонҳои хориҷӣбарои мутахассисион бисёр муҳим буда, метавонад ба болоравии касбияти онҳо мусоидат кунад.Дар охир  мудири шўъбаи робитаҳои байналхалқии донишгоҳ Т. Каримов  баромад намуда, баргузории ин чорабиниро ҳамчун омили пешбурди муносибатҳои дӯстонаи миёни халқҳои тоҷику рус ва ҳамкориҳои судманд дар оянда баҳо дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:635 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар