ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ

Музей соли 1982 ташкил шудааст, дар арафаи 50-солагии Донишгоҳ (Институти давлатиипедагогии ба мони С.М.Киров). Асосзгузори музей А.З.Дун ва Войченко ва то соли 2002 музей дар ихтиёри эшон буд. Аз соли 2002 то соли 2004 М.Файзуллоев мудири осорхонаро ба ўҳда доштанд. Музей аз нав соли 2002 ба муносибати 70-солаги ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳозира бинои асосӣ аз нав муҷаҳҳаз карда шуд, ки он музейи аз ҷиҳати талаботи фанни осорхонашиносӣ аз рўи мавзўъ-хронологӣ бунёд карда шуд. Дар музей зиёда аз 2500 ҳазор асарҳо ва маълумотҳои музей ҷамъ оварда шуданд. Дар давраи 70-солаги (2002) барои 15 факултетҳои донишгоҳ 15 деворнигорастенд ва ва шишаҷевонҳо витрина бунёд карда шуданд, ки аз ҳамаи маводҳо аз рўи таърихиташхиси факултетҳо ва кафедраҳо ҷойгир карда шуданд ва инчунин барои кафедраҳои байнифакултавӣ ва раёсати Донишгоҳ низ деворнигора бахшида шудааст. Деворнигораи махсус бахшида ба ташрифи Ҷаноби Оли Эмомалӣ Раҳмон муҷаҳҳаз карда шудааст. Бахшида ба иштирокчиёни ҶБВ аз байни коллективи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як деворнигора ва ду ҷевон шиша офарида шудааст. Инчунин деворшишаҳои боќимонда дар бораи таърихи Донишгоҳ мукммали маълумот медиҳад. 

Осорхонаи мо дар ҷашни 70-солаги аз тарафи Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифтааст ва дар китоби музей сабт шудааст. 

Дар ҳоли ҳозир масъули осорхона Усмонова Норинисо мебошад.  


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар