ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло

Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло 15 июни соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1988 баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, аз соли 1989 таҳсилро дар факултети таърихи Донишкадаи ордени Нишони фахридори давлатии омўзгории шаҳри Хуҷанд (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) идома медиҳад ва онро соли 1993 бо дипломи аъло хатм менамояд.
Соли 1993 аввал дар кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷики донишгоҳ ба сифати ассистент ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда, солҳои 1995-1998 дар аспирантураи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил кардааст. Солҳои 1997-2000 дар кафедраи таърих ва маданияти халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омўзгор фаъолият бурдааст. Соли 1999 раиси Шўрои олимони ҷавон, баъдан раиси Созмони ҷавонони донишгоҳи мазкур буд. Моҳи январи соли 2000 бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи мудири шўъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд таъин шуда, аз 31 апрели соли 2003 то 30 ноябри соли 2005 вазифаи муовини мудири шўъбаи масоили иҷтимоӣ - фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба зимма дошт. Ҳамчун хизматчии давлатӣ, сазовори рутбаи тахассусии мушовири хизмати давлатии дараҷаи III гардидааст.
21 декабри соли 2002 дар Шўрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров рисолаи номзадиро дар мавзўи «Аз таърихи фарҳанги манзилдории тоҷикон» ҳимоя намуд. Аз 30 ноябри соли 2005 то 25 ноябри соли 2006 дар вазифаи декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз 25 ноябри соли 2006 то 11 январи соли 2007 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи ноиби ректор оид ба тарбия ва аз 12 январи соли 2007 дар ҳамин вазифа тибқи таъиноти нави Вазорати маориф ва ректори донишгоҳ фаъолият дошт. 16 апрели 2009 декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ таъин гардид.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 242 аз 11 маи 2012 Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин гардид.
Дар давраи рохбарии Ҷамшед Ҷӯразода донишгоҳ пурра ба низоми сезинагии таълим гузашта, раванди автоматизатсиякунонии раванди таълим фаъол гардид. Супоридани имтиҳоноти ҷорӣ пурра тавассути маркази тестӣ ба рох монда шуд. Таҳияи комплексҳои таълимию методӣ раванди мутассили эҷодиро ба худ касб кард. Меъёрхои нави сифати таҳсилот чорӣ шуд. Ба масъалаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандон таваҷҷўҳи пайваста зоҳир гардид ва «Маркази маърифат» таъсис дода шуд.
Дар риштаи илм оид ба омода кардани кадрҳои мутобиқ ба талаботи даврони муосир магистратура ва докторантура (Phd) таъсис дода шуд. Дар ин давра шумораи номзадон ва докторони илм 15% афзуд. Фаъолияти инноватсионӣ рушди тоза касб кард. Парки технологии ДДХБСТ ва нашриёти «Дабир» ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамчунин шуъбаи табъу нашр таъсис ёфт ва ба ин самти фаъолият густариш бахшид. Дар ин муддат 45 номгўи китобҳои тозанашр чоп гардиданд. Маҷаллаи илмии «Ахбори ДДҲБСТ» аз нав ба рўйхати нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия номнавис гардид ва дар радифи маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд. Донишгоҳ бо муассисаҳои таълимиву илмии пешрафтаи ҷаҳон иртибот пайдо карда, донишҷўёни он дар беҳтарин донишгоҳҳои олам дар заминаи карордод таҳсилашонро идома медиханд.
Дар риштаи тарбия бо мақсади ғанӣ гардонидани тарбияи эстетикии донишҷўён театр-студияи «Парвози истеъдод» ва гурўҳи рақсии «Хушхиром» таъсис дода шуд.
Дар ҷодаи ободонӣ факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, баҳисобгирӣ ва андоз пурра таъмир гардиданд. Таҷҳизоти хизматрасонӣ ба амсоли мебел, тахтаҳои синфӣ, мизу курсиҳо ба миқдори 50% нав карда шуданд. Ду буғхонаи гармидиҳӣ дар бинои таълимии №1 ва №3 ба истифода дода шуд. Боғоти донишгоҳ ва минтақаи заминҳои таҷрибавӣ-истеҳсолии донишгоҳ сарсабзӣ ба бар карданд. Ҳаҷми маоши кормандон то 70% зиёд карда шуд.
Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло 15 майи соли 2015 рисолаи докториашро дар мавзўи «Бухарский эмират второй половины XVIII - первой половины XIXвв. в письменных источниках» дар Шўрои дифои рисолаҳои доктории назди Пажуҳишгоҳи таърих, археология ва этнографияи АИ ҶТ дифоъ намудааст. Дар баробари сарварии донишгоҳро ба зимма доштан ба ҳайси профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик фаъолияти таълимӣ низ мебарад.
Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло муаллифи зиёда аз 120 асару мақолаҳои илмӣ ва илмӣ–оммавӣ мебошад. Тадқиқоти Ҷ. Ҷўразода ба масъалаҳои таърихи маданияти моддӣ, аз ҷумла ба фарҳанги манзилдории тоҷикон, таърихи аморати Бухоро дар асрҳои XVIII-XIX, хусусиятҳои равандҳои сиёсии Тоҷикистон дар давраи муосир бахшида шудаанд. Таҳти назари ў ва ташаббусу пешниҳодаш силсилаи зиёди осори адабиву таърихӣ ва илмӣ марбут ба худогоҳии миллӣ, эҳёи суннатҳои ниёгон ва ғайра интишор шудааст, ки ба нигоҳдошти афкори пурғановати тамаддуни Шарқи бостонӣ мусоидат менамояд.
Мавсуф аъзои Шўрои идеологияи вилоят , ҳамчунин аъзои тадорукоти ҷоизаи вилоятии Камоли Хучандӣ мебошад. Хамзамон узви вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз хавзаи интихоботии «Бофанда 2», аз соли 2003 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аз соли 2016 Узви Маҷлиси милии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Барои фаъолияти пурсамар, ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас бо Сипосномаи Кумитаи иттифоқҳои касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (15.05. 2014), Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (30.09.2015, 29.09.2016), Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд сарфарозонида шудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017 №131 ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардид.



Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар