Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!
ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”
ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ
Чунон ки маълум аст, ҳар нафаре, ки бо пули ҳаром фарзанд бавоя мерасонад, ҳатман фарзанди касоф ва хоини миллат мешавад. Биоед як бор ба ҳаёти шахсии Муҳаммадсаид Ризоӣ ва хонаводаи ӯ назар намоем. Муҳаммадсаид Ризоӣ аъзои фаъоли созмони террористии наҳзат буда, фарзанди ӯ Нуриддин Ризоӣ аъзои ташкилоти террористии “Гуруҳи 24” ва фарзанди дигари ӯ Ғаниев Сироҷиддин (Ризоӣ) то ҳол дар кадом ташкилот воридшуданашро қарор қабул накардааст. Қобили зикр аст, ки ду созмони террористӣ наҳзат ва Гуруҳи 24 миёни якдигар ихтилофҳои шадид ақидавӣ ва молӣ доранд, вале бояд ба инобат гирифт, ки падар Муҳаммадсаид Ризоӣ дар вазифаи роҳбарии созмони террористии наҳзат ва писар Нуриддини Ризоӣ дар вазифаи роҳбарии ташкилоти террористии “Гуруҳи 24” фаъолият менамоянд.
10 сентябри моҳи равон дар шаҳри Варшава нишасти САҲА оғоз гардид,ки дар он Абдураҳим Каримов, мутахаллис бо “Мулло Абдураҳим”, собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ҳузур дошт. Дар зер мусоҳибаи хабарнигори “Тоҷикистон”-ро бо ӯ мутолиа намоед...
Масъуди Сипанд, шоир, достоннавис ва рӯзноманигори эронитабори муқими иёлати Калифорнияи Амрико аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони абармарди таърихи Тоҷикистон ном бурд.
Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ баҳри ҳарчи бештар ҷалб намуданӣ омўзгорони соҳибунвон ва донишҷўёни лаёқатманд дар барномаҳои байналмилалӣ ва дар роҳандози намуданӣ лоиҳаҳои илмӣ, мавзўҳои буҷавӣ ва грантҳои дохиливу байналмилаӣ дар назди шуъба «Курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ- англисӣ» ташкил намудааст ва тайи 2 сол аст, ки омўзгорону донишҷўён дар ин курсҳо ширкат варзида, соҳиби дониш ва шаҳодатномаҳо гардидаанд.
Аз санаи 11 то 30 сентябр дар Китобхонаи марказии донишгоҳ Рўзҳои дарҳои кушод эълон гардида, донишҷўёни факултетҳо бо навбат ба китобхона ташриф карда истодаанд. Рўзи 17 сенябр аз рўи ҷадвал донишҷўёни факултети филологияи тоҷик якҷоя бо декан ва ноибдекану кураторони гуруҳҳо ба китобхона омада, бо фаъолияти он аз наздик ошно гаштанд.
Рўзи гузашта вебинари навбатии яке аз лоиҳаи ташкилоти байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+ EXTEND– «Беҳтаргардонии таҳсилоти муҳандисӣ тавассути омода намудани омўзгорон ва методҳои нави падагогӣ дар Русия ва Тоҷикистон», ки дар Донишгоҳ шурўъ аз моҳи октябри соли 2017 татбиқ мегардад, баргузор гардид. Дар вебинари мазкур намояндагони донишгоҳҳои аъзои лоиҳа аз қабили чор донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо: Донишгоҳи политехникии Бухарести Руминия, Донишгоҳи техникии Ригаи Латвия, Донишгоҳи Минҳои Португалия, Донишгоҳи Ворвики Англия, чор донишгоҳ аз Федератсияи Русия: Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н. Э. Бауман, Маркази миллии тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Мордовия ба номи Н.П. Огарева, Донишгоҳи давлатии техникии Магнитогорск ба номи Г.И. Носова ва Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва ва чор донишгоҳҳои Тоҷикистон: Донишгоҳи далатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ ширкат варзиданд.
Санаи 17 сентябри соли равон дар толори факултети забонҳои шарқ бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин маҳфил сараввал аз тарафи донишҷӯёни факултет шеърҳо аз ашъори Рӯдакӣ суруда шуд.
Сипас маъруза дар мавзӯи “Таҳқиқоти осори Рӯдакӣ ва шӯҳрати ҷаҳонии ӯ” аз тарафи донишҷӯи бахши 4 гурӯҳи 401 факултет Назаров Т. гуфта шуд.
Имсол дар Тоҷикистон “Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Ба ин муносибат донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ озмуни намоиши либосҳои миллии қадима, либосҳои миллиии рӯзмарра ва либосҳои миллии идонаро ба роҳ монданд.
Санаи 18-уми сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ иқоматкунанда, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ободкориву созандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон мулоқоти мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Эҳсон Наврӯзов бо донишҷӯёни иқоматкунандаи хобгоҳи №1, ки тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, гузаронида шуд.
СУРУДИ ДОНИШГОҲ