ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


“ГАНҶИ СУХАН” ДАР ДОНИШГОҲ

Нишасти 165-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва истиқболи Рӯзи забони тоҷикӣ, ҳамчунин фаъолияти илмӣ ва омӯзгории доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус имрӯз дар толори калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшид. Ӯ ҳозиринро бо Рӯзи Рӯдакӣ муборакбод намуда, нақшаи кории маҳфилро эълон дошт.

 

Аз назар гузарониданд: 575 нафар

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАҚОМ

Аз 6-ум то 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ўзбекистон форуми байналмилалии Мақом баргузор гардид. Дар он намояндагони 73 давлат ширкат намуданд. Ҳунармандони Академияи мақоми Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов сазовори мукофоти олии форуми мазкур Гран-при гардиданд. Дар ҳайати ансамбли Академияи мақом собиқ дастпарварони факултети санъат Насиба Омонбоева, Камолиддин Ҳамдамов, Сироҷиддин Ҷўраев, Хуршед Иброҳимов хунарнамоӣ намуданд.

 

Аз назар гузарониданд: 620 нафар

СЕМИНАРИ СУДМАНД

Мутобиқи  қарорҳои Шӯрои  олимон,  Раёсати донишгоҳ ва дастуру супоришҳои ректори  донишгоҳ  шуъбаи  робитаҳои  байналмилалӣ  силсила  семинарҳои  амалӣ омӯзиширо барои  иштирок  дар  барномаҳои гуногуни  гранти  таҳсилоти оғоз  намуд. Семинари  аввалин санаи 7 сентябри соли 2018 дар  факултети  забонҳои  хориҷӣ барои  донишҷӯёни курси 4-ум  ба  хотири  идомаи  таҳсил дар магистратураи донишгоҳҳои  хориҷӣ баргузор  гардид. Дар  он  грантҳои  таҳсилотии донишгоҳҳо  ва ташкилотҳои  байналмилалӣ мисли: Идрори  Сhtvning барои  таҳсилот дар магистратура  ва  аспирантураи донишгоҳҳои  Британияи  Кабир, барномаи  идрории Донишгоҳи  Сурихи  Шветсария, Идрори Билл ва  Мелинда Гейтс барои таҳсил  дар магистратураи  донишгоҳи Кембридж баррасӣ  гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 608 нафар

САФАРИ ДОНИШҶЎЁНИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ БА ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров бо Хадамоти мубодилаи академиии Олмон ҳамкории судмандро ба роҳ монда, якҷоя чорабиниҳои илмию фарҳангиро барои донишҷўён ва омўзгорон ташкил менамояд ва донишҷўёни мо ҳамеша фаъол дар ин чорабиниҳо иштирок намуда, ҷоизаҳои баландро ба даст меоранд.

Моҳи ноябри соли 2017 донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ дар озмуни супоридани  тест бо забони олмонӣ иштирок намуда,  ду донишҷӯи факултети номбурда-  Каримова Фарангис  донишҷӯи курси 2-юм ва Ахмедов Қобилҷон донишҷӯёи курси 3-юм баҳои баландро гирифта,  рохҳат барои  омӯхтани забони олмонӣ дар мактаби тобистонаи забонҳои Донишгоҳи илмҳои табии шаҳри Аахени Ҷумҳурии Федеративии Олмонро ба даст оварданд. 

 

Аз назар гузарониданд: 649 нафар

УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор устодони донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров бо Ҷоиза ва сипосномаи Раиси вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.

 

Аз назар гузарониданд: 658 нафар

РӮИ СИЁҲИ КАБИРИРО ҲЕҶ СОБУНЕ НАМЕШӮЯД

Дар деҳаамон мӯйсафеде буд ва ҳар гапу коре боиси тааҷҷубаш мегашт, ҳамон лаҳза мегуфт: «Бобо намурд, дар ин зиндагӣ ҳамаи балоро дид». Чун ҷавонтар будам, ба умқи ин сухан намерасидам. Ҳикмати баландашро тадриҷан дарк карда истодаам.

Аз назар гузарониданд: 605 нафар

“БО ДЕГ ШИНӢ — СИЁҲ ШАВӢ…” (ҲАМНИШИНӢ БО ҶИНОЯТКОР ҶИНОЯТ АСТ)

Имсол ҳам нишасти бахшида ба ҳуқуқи инсон, ки онро САҲА баргузор мекунад, олуда ба баҳсҳои сиёсӣ шуд. Ҳайате, ки Тоҷикистон ба ин нишаст фиристод, бо далелҳои маълум ба роҳбарони ТТЭ ҲНИ маъқул наафтод (чун ҳамешагӣ), чун дарк карданд, ки ин бор ҳам сиррашон фош гардидаву пешорӯи ҷомеаи ҷаҳон боз шармандатар хоҳанд буд. Ҳолати аъзову роҳбарони ин ташкилоти террористиро чизе ҷуз ин наметавон шарҳ дод.

Аз назар гузарониданд: 702 нафар

РАИСИ ВИЛОЯТ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲРО ҚАДРДОНӢ КАРД

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор устодони донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров бо Ҷоиза ва сипосномаи Раиси вилояти Суғд қадрдони шуданд.

 

Аз назар гузарониданд: 584 нафар

<< < 1 | 2 | 3 | 4 | 5 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 3 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар