ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ГУСТАРИШИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Бо иқдоми  ректори  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷӯразода Ҷ. Ҳ. ва татбиқи амалии шартномаи дутарафа бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони таҳсилоти касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси сайёри такмили ихтисоси омӯзгорон барои устодони факултетҳои  забонҳои шарқ, педагогӣ, филологияи тоҷик ва кафедраи умумидонишгоҳӣ   таъсис дода шуд. 

Аз назар гузарониданд: 570 нафар

ОЛИМ, МУРАББӢ ВА ТАШКИЛОТЧИИ МОҲИР

Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров   конфронс таҳти унвони  “Олим, мураббӣ ва ташкилотчии моҳир” ба ифтихори 90- солагии Аълоии маорифи ИҶШС, Ходими хизмтнишондодаи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Темур Мақсудов баргузор гардид.

Дар конфронс сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Мирмуҳаммедов Олимҷон, намояндаи шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Эшонова Фирўза, шоираи халқии Тоҷикиcтон Фарзона  ва устодону пайвандони эшон иштирок намуданд.

Аз назар гузарониданд: 755 нафар

МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁН

Санаи 25-уми апрели соли равон дар Театри давлатии мазҳакавӣ - мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо зиёиёни вилоят бахшида ба 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти роҳбарии ректор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло 150 нафар профессорон ва собиқадорону олимони ҷавон ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз нақши зиёиёни кишвар дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиамон ҳарф зада, фаъолияти як қатор муассисаҳои илмиву фарҳангиро мавриди таҳлил қарор дод.

Аз назар гузарониданд: 814 нафар

ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани мазмун ва муҳтавои Стартегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва қарори протоколи Шӯрои олимони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аз 18.04.2018 дар факултети забонҳои хориҷӣ соати тарбиявии кушод таҳти унвони “Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад” таҳти роҳбарии сармуаллим Саидов М.М. ва бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони кафедра бргузор гардид. Дар чорабинӣ сармутахассиси пешбари шуъбаи тарбия, дотсент Ӯлмасов М. ва устодону донишҷӯён  иштирок намуднд.

Аз назар гузарониданд: 774 нафар

ОЛИМИ СОЛ-2017

Мутобиқи баҳогузории рейтинги илмии корманд (ҳайати профессорону омўзгорон) тавсия дода мешавад, ки аз «Тартиб ва шартҳои баҳогузории рейтингии фаъолияти ҳайати профессорону омўзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» (бо қарори мушовараи Вазорати маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 25.11.2011, №21/11тасдиқ шудааст) ва суратҷаласаи ҳайатҳои комиссияҳои корӣ оид ба ҷамъбасти озмуни корҳои илмӣ-тадқиқотии «Олими  сол-2017» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар риштаи илмҳои гуманитарию ҷомеашиносӣ ва табиатшиносию иқтисодӣ дар байни олимон ва муҳаққиқон дар баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба Рўзи илми тоҷик ҷамъбаст карда шуд. Ба озмуни мазкур дар риштаи илмҳои гуманитарию ҷомеашиносӣ ҳуҷҷатҳои 10 нафар довталабон ва аз рўи бахши илмҳои дақиқ ҳуҷҷатҳои 10 нафар довталабон пешниҳод гардиданд.  

Аз назар гузарониданд: 783 нафар

ҚАДРШИНОСИИ МАҲФИЛҲО

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар рушди соҳаи илму инноватсияи кишвар тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ба ин самти афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Бо ин мақсад дирӯз дар толори факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар ҷаласаи  ҷамъбастии чорабиниҳои илмӣ бахшида ба Рўзи илми тоҷик  барои фаъолияти пурсамар ва муттасил маҳфилҳои назди профессорон ва устодон: «Ганҷи сухан» – роҳбар дотсент Саидов Саидумрон, «Фурўғ» - роҳбар профессор Мирзоюнус Матлуба, «Бедилшиносӣ» - роҳбар дотсент Нуров Нуралӣ, «Хазинаи ҳикмат» - роҳбар профессор  Атоев Атоулло бо ифтихорномаи ректори донишгоҳ Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло сарфароз гардиданд.

Аз назар гузарониданд: 618 нафар

"ЁДБУДИ УСТОДИ НАКӮНОМ"

Дирӯз  дар толори  факултети филологияи тоҷик конфронси "Ёдбуди устоди накӯном", ки ба ифтихори 90-солагии Аълочии маорифи ИҶШС, ходими хизматнишондодаи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент шодравон Темур Мақсудов баргузор гардид.   Чорабинии мазкурро декани факултети филологияи тоҷик дотсент Тиллохоҷаева М. ифтитоҳ намуд. Дар конфронс маърӯзаҳои устодони факултет шунида шуд.  Дар охир писари устод номзади илмҳои физика Анвар Мақсудӣ баромад намуда, аз баргузории конфронс изҳори миннатдорӣ намуд.

Аз назар гузарониданд: 668 нафар

РОҲЕ, КИ ТУРО БА ҲАҚ РАСОНАД, ИЛМ АСТ!

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола дар нимаи дувуми моҳи апрел дар асоси  ҳидоятҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рўзи илми тоҷик дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар доираи бузургдошти рўзи илм  ҳафтаи конференсияҳои илмии устодону олимон, аспирантону магистрантон ва донишҷўён ба унвони яке аз муҳимтарин чорабиниҳои илмӣ бахшида ба ин санаи бузург доир мешавад. 

Аз назар гузарониданд: 695 нафар

<< < 12 | 13 | 14 | 15 | 16 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

‹›
ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 4 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар