ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ

Дирӯз бо ибтикори Шӯрои собиқадорони факултети забонҳои хориҷӣ маҳфили “Чароғи ҳидоят” чорабинии бошукӯҳ ва ботантана бахшида ба ҷашни 73-умин солгарди Ғалабаи бузург баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ собиқадори меҳнат, полковники мустафъии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, хатмкардаи факултети забонҳои хориҷӣ Содиқов Орифҷон, сармутахассиси шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Ӯлмасов М., ва устодони  факултет ҳузур доштанд.

 

Аз назар гузарониданд: 501 нафар

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

Имрӯз дар толори донишгоҳ бахшида ба Иди Ғалаба чорабинии донишгоҳӣ  бо иштироки чанд нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқ устоди донишгоҳ Исмоилов Абдулло баргузор гардид.  Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ.  ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки: “Аз баракоти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол дигарбора  корнамоиҳои  диловаронаи фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба унвони рамзи ҳидоят ба сӯи шинохти воқеии оини мардонагӣ ва гузаштан дар мактаби ҷасорату дарси ватандорӣ хидмат карда меояд”.

 

Аз назар гузарониданд: 507 нафар

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР ҶАМШЕД ҶӮРАЗОДА БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат, устодони азиз ва

донишҷўёни арҷманд!

Ҷашне, ки имрўз тамоми инсонияти тараққипарвари рўи олам ботантана таҷлил карда, азизу гиромӣ  медоранд, иди Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳсуб меёбад.

Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

 

Аз назар гузарониданд: 563 нафар

ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН

Дирӯз аз ҷониби сармуаллими кафедраи электроника Акмал Усмонов дарси намунавӣ бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён аз фанни сохт ва принсипи кори МЭҲ ташкил ва   гузаронида шуд.

 

Аз назар гузарониданд: 528 нафар

КОНФРОНСИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАХШИДА БА «СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ»

Санаи 4-уми май дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. ­Ғафуров Конфронси илмӣ-малӣ бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки магистрантони соли аввали факултет таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҷабова М.М баргузор гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 547 нафар

ВОХЎРӢ БО КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Дар факултети педагогӣ гурӯҳи устодони кафедраи умумидонишгоҳии забони хориҷӣ вохўрӣ бо   сардори  Хадамоти пешгирии  ҳуқуқвайронкунӣ дар байни  ноболиғон  ва  ҷавонон  подполковники  милиса Саидзода Баҳром Раҷабалӣ  ва  корманди хадамоти мазкур  подполковники милиса Шомирсаидов А. С. баргузор намуданд.

Мавзўи  вохўрӣ «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба  ҳизбу ҳаракатҳои ғайридавлатӣ  ва оқибатҳои  он»   унвон  дошта,  доир ба масъалаи доғи рўз  терроризму   экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, маданияти истифодаи телефони мобилӣ, сабабҳои  вайроншавии оилаҳои ҷавон  ва ғайра   маълумоти  мукфассал пешниҳоди донишҷўён  гардонида  шуд.

Аз назар гузарониданд: 476 нафар

50 НАФАР АЗ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ГУЗАШТАНД

Донишгоӽи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиӽати супориши Ӽукумати Ҷумӽурии Тоҷикистон, бо мақсади амалӣ намудани Паёми  Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон,  муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон ба Маҷлиси Олӣ  ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон таӽти № 150  аз 20.01.2016с. ва раӽнамоии ректори донишгоӽ  ӽар сол устодону омӯзгорон аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ  гузаронида мешаванд. 

Аз назар гузарониданд: 628 нафар

ҶАВОНОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Бо ташаббуси Раиси созмони ҷавонони факултети забонҳои хориҷӣ ва донишҷӯён чорабинии тарбиявӣ бахшида ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 776 аз санаи 12.11.2016 дар бораи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” таҳти унвони “Ҷавонон дар мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа” барпо гардид.

Аз назар гузарониданд: 456 нафар

<< < 10 | 11 | 12 | 13 | 14 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 2 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар