ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


МАҲФИЛИ ИЛМӢ БА МУНОСИБАТИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси  нақша чорабиниҳои кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар хобгоҳи №3-и донишгоҳ маҳфили илмӣ таҳти унвони “Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаи сарнавиштсоз 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар маҳфили илмӣ устодон, магистрантон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Сардори раёсати илм ва иноватсия номзади илмҳои филологӣ дотсент Мирзоев Садриддин табрикоти ректори донишгоҳ профессор, Ҷ.Ҳ. Ҷуразодаро ба ҳозирин расонида, иброз дошт, ки маъмурияти донишгоҳ ба чунин маҳфилҳои илмиву адабӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. 

 

Аз назар гузарониданд: 631 нафар

АНҶУМАНИ САОДАТОФАРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Имрўзҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро рўҳияи идонаву ҳисси ифтихор фаро гирифтааст, зеро мо дар остонаи ҷашни таърихӣ қарор  дорем.

 Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар факултети педагогӣ чорабинии тарбиявӣ  таҳти унвони «Анҷумани саодатофари миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иштирокчии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили халк (аз ҳавзаи № 100) Мирзоев Мансур  Ҳакимович, устоди факултети таърих Р.Р. Юлдошев устодони факултет ва 136 нафар донишҷўён иштирок доштанд.

 

Аз назар гузарониданд: 600 нафар

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Бо мақсади ҷалби олимону муҳаққиқони кишвар ба масъалаи мубрам - амнияти миллӣ ва баррасии ин масъалаи аз назари илм, бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтааст, ки санаи 15 декабри  соли 2017 конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро дар мавзўи “Илм ва амнияти миллӣ“ баргузор намояд.

Аз назар гузарониданд: 699 нафар

МАҲФИЛИ ЭКОЛОГҲО

Бо мақсади дарёфти донишҷӯёни боистеъдод дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети география маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Эколог” баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни факултети мазкур Ш. Маҳмудов, Ш. Нозимхон ва С. Раҷабов бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавоу таҳлилиии худ бобати тозагии муҳит ва ҳифзи он, ҳифзи захираҳои оби нӯшоки дар ҷаҳон, тағирёбии  сифати муҳити зистҳангоми истифодаи моддаҳои химиявӣ, баромад намуданд.

 

Аз назар гузарониданд: 586 нафар

ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ дар факултети педагогика чорабинии тарбиявӣ  бахшида ба 25 – солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дўсти халқҳои тоҷику  рус дар даврони истиқлолият»  баргузор гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 634 нафар

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМИНАРИ ИЛМИИ «СИЁСАТ ВА ҶОМЕА» ДАР ДОНИШГОҲ

Дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров семинари илмии “ Сиёсат ва ҷомеа”  ҷаласаи аввалини худро баргузор намуд.

 Кори семинарро роҳбари он профессор М. Оқилова оғоз намуд. Дар семинари мазкур намояндаи МИҲД Суғд- мутахассиси  шўъбаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, аъзо ва котиби масъули Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дотсент А.Ш. Шарипов, намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят, аъзоёни кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, устодони коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров, устодон ва донишҷӯён аз факултетҳои донишгоҳ ширкат варзиданд.

 

Аз назар гузарониданд: 744 нафар

ОЗМУНИ “ИНШОИ БЕҲТАРИН”

Ба таваҷҷӯҳи устодону олимон, донишҷӯёну магистрантон, унвонҷӯёну аспирантони Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров расонида мешавад, ки раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин”- ро баргузор менамояд. 

 

Аз назар гузарониданд: 1151 нафар

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ БА МАКТАБҲО

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ, саромӯзгорон М. Сатторова Қ. Ӯзбекова Н. Алимухамедова  ва омӯзгор Ғ. Қурбонов  санаи 27.10.2018  ба мактабҳои № 5, 34 ва МХБ ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо хонандагони синфи 11 вохӯрӣ гузаронида онҳоро барои таҳсил дар курсҳои тайёрии  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даъват намуданд.

Аз назар гузарониданд: 668 нафар

<< < 39 | 40 | 41 | 42 | 43 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

‹›
ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 2 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар