ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ШИНОХТИ МАВЛОНО ДАР ҒАРБ

Ҳафтаи сипарӣ гардида дар назди кафедраи забон ва адабиёти тоҷик маҳфили илмии донишҷӯён «Ҷавонони аҷам» гузаронида шуд. Роҳбари маҳфили илмӣ муаллим Раҳматов Баҳром буда, маърӯзачӣ Дадобоева Мафтуна дар мавзӯи «Шинохти Мавлоно дар ғарб» шунида шуд.

Маҳфил хеле дар сатҳи баланди илмӣ гузаронида мешавад, зеро муаллим Б. Раҳматов ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе дар кафедра маҳфили илмиро ташкил мекунанд. Ба маҳфил кули дӯстдорони илму адаб, ба хусус шеърдӯстон, донишҷӯёне, ки бо матнҳои классикӣ кор мекунанд ширкат меварзанд. 

 

Аз назар гузарониданд: 580 нафар

ВАЗЪИ ТАШРИФИ ДОНИШҶЎЁН БА КИТОБХОНА БЕҲТАР МЕГАРДАД

Имрўз мувофиқи мониторинги ҳафтаинаи садорати китобхонаи марказии донишгоҳ вазъи ташрифи донишҷўён, магистрантон,  аспирантон ва устодон рўз ба рўз беҳтар гардидааст. Дар ин бора Мубинҷон Муҳаммадҷонов китобдори дараҷаи якуми китобхона иттилоъ дод. Тавре манбаъ таъкид мекунам, ин муваффақият бо роҳандозии чорабиниҳои сатҳи баланд дар арафаи таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии васеи асарҳои Пешвои миллат ба даст омад. Тибқи омор дар давоми ҳафта  36 нафар аъзо, ташрифоварӣ 1062 нафар,  1131 дастраснамоии китоб ва 6 нафар омўзгор ба китобхонаи марказӣ ташриф оварданд.

 

Аз назар гузарониданд: 575 нафар

ДИҚҚАТ - ОЗМУН САВОЛҲОИ ОЗМУНӢ БАХШИДА БА 85 – СОЛАГИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Ба таваҷҷӯҳи устодон, донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯёну аспирантони донишгоҳ расонида мешавад, ки бахшида ба ҷашни 85-солагии донишгоҳ озмуни саволу ҷавоб баргузор мегардад. Бинобар ин, ҳамаи хоҳишмандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмуни саволу ҷавоб ширкат варзанд. Ғолибони озмун аз ҷониби раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд. 

 

Аз назар гузарониданд: 674 нафар

ЁДИ УСТОДИ АЗИЗ...

Санаи 20-уми ноябри соли равон дар толори факултети филологияи тоҷик бахшида ба ёдбуди доктори илмҳои филологӣ, профессор, дорандаи Ифтихорномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодравон Абдуманнони Насриддин зери унвони “Ёди устоди азиз”маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур устодони факултети филологияи тоҷик ва донишҷуён иштирок доштанд.

Маҳфилро декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.Тиллохоҷаева ҳусни оғоз бахшида, оид ба фаъолият ва шахсияти устод андешаҳояшро баён дошт. Номбурда таъкид кард, ки устод Абдуманнони Насриддин шахси соҳибмактаб ба ҳисоб рафта, бо раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои пайвастаи ў 20 нафар аз шогирдонаш рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

Аз назар гузарониданд: 607 нафар

ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

Мо, аъзоёни Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, баргузории ба ном “мизи гирд”-ро, ки 2ноябри соли ҷорӣ дар  ҳошияи конференсия  Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) бо ташаббуси якчанд нафар фаъолони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва созмони ғайридавлатии “Евразиян Диалог” дар пойтахти Австрия - шаҳри Вена баргузор шуд, шадидан маҳкум карда, онро ҳамчун амали ифротӣ, муғризона ва ҳангомаҷӯёна арзёбӣ менамоем.

 Рисолати касбӣ ва масъулияти ҳамешагии  журналистон дар ҷомеа - инъикоси воқеият ва интишори иттилооти саҳеҳ мебошад. Журналист муваззаф аст, ки новобаста аз мавқеи сиёсиву дидгоҳи шахсӣ ва аҳдофу манофеаш ҳақиқатро инъикос намояд.

 

Аз назар гузарониданд: 578 нафар

МУАРРИФИИ КИТОБИ «ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ ЗАБОН» ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ДОНИШГОҲ

Дар арафаи таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили муаррифии китоби тозанашри «Пешвои миллат ва сиёсати забон» доир гардид. Дар кори маҳфил меҳмонон аз раёсати донишгоҳ, зери роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло, инчунин мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Шамсиева Манзура ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

 

Аз назар гузарониданд: 584 нафар

ЧОРАБИНИИ “ДОСТОНИ ВАТАН” БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар факултети филологияи точик бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барномаи сиёсӣ- адабӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Декани факултет Мухаббат Тиллохучаева хозиринро бо Рӯзи Президент ва Ичлосияи  XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Баъдан мудир кафедраи адабиёти муосири точик дотсент Субхони Аъзамзод дар мавзуи «Рӯзи Президент –рӯзи ҳифзи арзишҳои муқаддас» маъруза намуда, кайд кард, ки бо заҳматҳои пайвастаи хеш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кишвари тоҷиконро аз нобасомониву парокандагиву нигоҳ дошта ҳамчун роҳбари тозаинтихоби кишвар барои ба ҳам овардани зиёда аз як милион шаҳрвандони гуреза ҷонбозиҳои бемисл намудааст.

Аз назар гузарониданд: 723 нафар

ДОНИШҶӮ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ

Маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии «Информатика» таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар синфхонаи №301-и бинои таълимии №3 доир гардид, ки дар он устодони кафедра ва донишҷўён иштирок намуданд. 

Ба маҳфили илмӣ-амалӣ мудири кафедра, дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов ҳусни оғоз бахшида, аз мақсади ташкил кардани ин маҳфил ва  ҳадафҳои асосии он ҳарф зад.  Номбурда дар баромади хеш зикр кард, ки иштирокчиёни навбатии маҳфили илмию амалии “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” донишҷўёни соли аввали факултети забонҳои шарқ мебошанд.

 

Аз назар гузарониданд: 741 нафар

<< < 37 | 38 | 39 | 40 | 41 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

‹›
ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 4 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар