ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ШАҲРӢ БАХШИДА БА 25-УМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар ҳамбастагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалии шаҳрӣ таҳти унвони «Нақш ва аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ» бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷўразода, аҳли қалам, собиқадорону фаъолони шаҳр, устодону донишҷўён ширкат намуданд.

 

Аз назар гузарониданд: 381 нафар

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 85-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР ШОДИЕВ ЭРГАШАЛӢ

Дар бинои факултети забонҳои шарқ конференсияи илмӣ-амалии  бахшида ба 85-солагии профессор Шодиев Эргашалӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намоянда аз раёсати донишгоҳ мудири шӯъбаи табъу нашри донишгоҳ дотсент Н. Ҳамробоев, кулли устодони факулта, дӯстону пайвандони устод Э. Шодиев, шоирони узбекзабони вилоят, рӯзноманигорони рӯзномаҳои вилоятиву ҷумҳуриявии ба забони узбекӣ нашршаванда ширкат варзиданд.

Конференсияро декани факултет дотсен Ф. Ғиёсова ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни конфронсро хайра мақдам намуда, суханро ба намояндаи раёсати донишгоҳ дотсент Н. Ҳамробоев доданд. Н. Ҳамробоев сараввал барои даъват намудан ба чунин як ҷамъомади бошукӯҳ миннадорӣ баён карда, сипас табрикот ва таҳнияти раиси донишгоҳ бахшида ба 85-солагии устод профессор Э. Шодиев–ро барои ҳозирин расониданд.

 

Аз назар гузарониданд: 405 нафар

ИШҚ ДАР АШЪОРИ ФАРЗОНА

Дар факултети забонҳои шарқ бо устоди шинохтаи донишгоҳ дотсент Саидмурод Ҳоҷиев оид ба мавӯъоти ашъори шоираи Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона баргузор гардид. Дар ин маҳфил донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои хитоӣ-англисӣ ва тоҷикӣ-узбекӣ ширкат варзиданд.

Сараввал декани факултет сухан намуда, устод Ҳоҷиев С.-ро муаррифӣ намуданд, сипас роҷеъ ба ҳаёт ва зиндагиномаи шоира Фарзона маълумоти мухтасар доданд. Пас аз он устод Ҳоҷиев С. маҳфилро роҳбарӣ намуда, дар мавзӯи «Ишқ дар ашъори Фарзона» сӯҳбат оростанд. Зимни сӯҳбат устод порчаҳо аз ашъори Фарзона қироат менамуданд, абёти қироатшударо шарҳу тавзеҳ медоданд. 

 

Аз назар гузарониданд: 386 нафар

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА МУНОСИБАТИ 25-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Устодони арҷманд, ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Таҷлили бисту панҷумин солгарди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иқдоми сарнавиштсоз, заминаи барқарорсозандаи сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон, аз ҷумла мо устодону донишҷӯён рӯйдоди воқеан таърихӣ ва арзишманд мебошад.

Таърихи 25-солаи баргузории ин рўйдод собит сохт, ки кишвари фалаҷгашта ва ба хоку ҷангу хун яксон ба як мамлакати мустақили воҳид, демокративу ҳуқуқбунёд, ободу зебо, аз ҷиҳати иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт такомулёфта мубаддал гардид. 

 

Аз назар гузарониданд: 302 нафар

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар факултети молия ва иқтисодиёти бозор чорабинии таълимию  тарбиявӣ  таҳти унвони “Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори давлати навини тоҷикон” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иштирокчии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   д.и.и., профессор Абдулло Орипов,  устодон ва 140 нафар донишҷўёни факултет  иштирок доштанд.

Чорабиниро декани факултет  д.и.и., профессор А.Қодиров ҳусни оғоз  бахшида,  ҳозиринро бо меҳмонони арҷманд шинос намуданд ва оид ба ҷашни  Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуданд.  Дар меҳмони ҳузур доштанд профессор Абдулло  Орипов   ва  мудири шӯъбаи ғоибонаи донишгоҳ  М. Маҳмадшоев маррифи доштанд.  

 

Аз назар гузарониданд: 288 нафар

ТАҶРИБАИ ОМӮЗГОРӢ – ОМИЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҲОРАТИ КАСБИИ ДОНИШҶӮЁН

Дар толори маҷлисгоҳи факултети физикаю техника  бахшида ба оғози таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯёни  курси 4 ихтисоси физика ва курси 5 ихтисоси физика – математика конфронс баргузор гардид. Дар конфронс  декани факултет Р. Назаров, муовини декан оид ба таълим   А. Ҳоҷибоев, мудири кафедра Л. Тошхоҷаева ва мушовирон аз ихтисос ва кафедраҳои педагогикаю психология иштирок намуданд.

 Дар оғози конфронс декани факултет Р. Назаров баромад намуда, донишҷӯёнро барои бо муваффақият пеш бурдани корҳои таълиму тарбия, истифодаи усули фаъоли таълим дар амал, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, такмили маҳорати касбӣ ва истифода бурдани навгониҳои илму техникаро  дар раванди машғулиятҳо хоҳиш намуданд.

 

Аз назар гузарониданд: 380 нафар

АСОСҲОИ ПЕДАГОГӢ – ПСИХОЛОГИИ РАВАНДИ ТАҶРИБАОМЎЗӢ

Дар факултети педагогӣ  конфронси ифтитоҳии  таҷрибаомўзони  шўъбаи рўзона баргузор гардид. Конфронсро  декани факултет  дотсент С. Рабиев ҳусни оғоз бахшида, оид ба вазифа, мақсад ва аҳамияти  тарҷрибаомўзӣ  ва мавқеи он  дар баланд шудани сатҳи касбии донишҷўёну  азхудкунии таҷрибаву малакаи педагогӣ  сухан  ронда, аз рўӣ  мавзўи  «Асосҳои  педагогӣ – психологии раванди таҷрибаомўзӣ » риштаи суханро ба дотсенти кафедраи назария ва методикаи  таълими забони модарӣ Э. Шарипов  супорид.

 

Аз назар гузарониданд: 376 нафар

“ГАНҶИ СУХАН” ДАР МЕҲМОНИИ ДОНИШГОҲ

Нишасти  156 - умини маҳфили илмию адабии “Ганҷи сухан”, бахшида ба Рӯзи Президент ва 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, санаи 13-уми ноябри соли 2017 дар толори раёсати донишгоҳ баргузор гардид.

Ба маҳфил садри он номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидумрон Саидов ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва устодону шогирдонро бо ҷашнҳои дар боло зикргардида табрик намуд.

 

Аз назар гузарониданд: 362 нафар

<< < 38 | 39 | 40 | 41 | 42 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 1 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар