Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!
ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”
ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ
Иштирок ба дарсҳои омўзгорон бо мақсади шиносоӣ ва баҳрабардорӣ аз маҳорату малака ва таҷрибаи устодони собиқадор, ҳамчунин ҷиҳати расонидани ёрии методӣ ба омўзгорони ҷавон сурат мегирад. Иштироки мунтазам ба дарсҳои ҳамдигар боиси беҳдошти раванди таълим ва таъмини сифат, татбиқи ҳадафҳои меъёрӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимии мавҷуда, бавуҷудории муҳити босифати таҳсилот ва бадастории натиҷаҳои босифати таълим мегардад.
Тӯли чанд рӯз аст, ки дар донишгоҳ барои донишҷӯёни ғоибхон имтиҳони давлатӣ оғоз гардидааст. Аттестатсияи давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатми шуъбаи таҳсилоти фосилавии донишгоҳ идома ёфта истодааст. Хатмкунандагони даҳ факултет аз рўи ихтисосҳои гуногун тибқи ҷадвали тасдиқшуда имтиҳони хатмкунӣ супорида истодаанд.
Тибқи супориши ректори донишгоҳ санҷиши ҳуҷҷатҳои омодашудаи хатмкунандагон дар факултетҳо, ки аз ҷониби раёсати таълим гузаронида шуд, нишон дод, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои хатмкунандагон ба аттестатсияи давлатӣ омода карда шудааст.
Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия имрӯз дар толори калони раёсати донишгоҳ вохӯрӣ бо сардори шуъбаи раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии тоҷикистон дар вилояти Суғд Неъматзода Дилшод Зарифӣ баргузор гардид.
Чӣ хеле ки маълум аст, дар саросари Тоҷикистон моҳи май “Иди Ҷавонон” кайд карда мешавад, ки ин як шукӯҳу шаҳомати ҷавонони халқи тоҷик буда, аз осоишу ободии Ватан дарак медиҳад.
Дирӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳҳои 202 ва 102 бо роҳбарии омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ З. Набиҷонова чорабинӣ таҳти унвони “Ҷавонон ояндаи миллатанд” бахшида ба мубориза бар зидди ВНМО гузаронида шуд. Дар чорабинӣ раёсати факултет, мудирони кафедра, устодон ва донишҷӯён факултет иштирок намуданд.
Дар ҳошияи суханронии Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Руҷӯъ ба фалсафаи инсоншиносӣ дар ҷавҳари таълимоти адён ва мазоҳиб аз қабл иртибот бар он мегирад, ки сарнавишти башарият ва ҳаллу фасли маҷмӯи муаммову мушкилоти он дар маърифати дурусти ҳақиқати ҳамон як инсон, берун аз тааллуқоти ақидаву эътиқодӣ, зоҳириву забонӣ ва милливу қавмӣ нуҳуфтааст. Ҳамин ваҳдату ягонагии асолати инсонӣ ба истилоҳ олами кабирро ба вуҷуд овардаву инсонҳоро дар моварои ҳама марзу маҳдудаҳо муттаҳид менамояд.
Дар заминаи иҷрои супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории ВНМО ва дигар бемориҳои сироятшаванда дирӯз дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология мизи мудаввар зери унвони «Ҳифзи Ватан аз ҳифзи саломатӣ оғоз мегирад» бо иштироки духтури шуъбаи эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Муҳаммидиев Раҳмонбердӣ ва донишҷӯёни ихтисоси экология ва агроэкология ташкил ва баргузор карда шуд.
Дирӯз дар толори хобгоҳи №3 чорабини илмиву фарҳангии бахшида ба моҳи ҷавонӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро мудири кафедраи геоэкалогия ва методикаи таълим Ғуфронов Д.Н. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.
Тибқи нақшаи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар донишгоҳ ва мувофиқа бо раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ректори донишгоҳ профессор Ҷуразода Ҷ.Ҳ. маҷлиси васеи раёсати кумитаи иҷроияи ибтидоии Б.Ғафуров дар назди Кумитаи маҳаллаи “Раззоқ”-и ш. Хуҷанд бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияии ибтидоии Б. Ғафуров, ҳамчунин устодони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли ҳизбӣ ширкат варзиданд.
СУРУДИ ДОНИШГОҲ