ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ВИЛОЯТИИ МАГИСТРАНТОН ТАҲТИ УНВОНИ “МАҚОМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМ” БАХШИДА БА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА РӮЗИ ҶАВОНОН

Санаҳои   24-25-уми соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  конференсияи илмӣ-амалии вилоятии магистрантон таҳти  унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи ҷавонон баргузор гардид. 

Аз назар гузарониданд: 503 нафар

ХУДРО АЗ БЕМОРИИ СПИД-ВНМО ЭМИН ДОРЕД

Дирӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ вохӯрӣ бо нозири гурӯҳи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ лейтенанти х.н.м.н. Аҳмадзода Ҷамшед Фаррух дар мавзӯи “Худро аз бемории СПИД-ВНМО эмин доред” гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ ва раёсати факултет, устодон  ва донишҷӯён иштирок доштанд. Вохӯриро мудири кафедраи забони олмонӣ Саидов М.М. ифтитоҳ намуда,   риштаи суханро ба лейтенанти х.н.м.н. Аҳмадзода Ҷамшед  дод.

Аз назар гузарониданд: 546 нафар

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ

Дирӯз  дар толори раёсати донишгоҳ ҷамъомади навбатии маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ» дар мавзўи «Пироҳани миллӣ- рукни арзишманди худшиносии бонувон»  баргузор гардид. Дар маҳфил Зеварой  Бобоева   мудири шуъбаи кор бо занони ҲХДТ дар ш.Хуҷанд, Р. Давлатзода  муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ ва устодону донишӯён иштирок намуданд. Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ Раиси шўрои занони донишгоҳ  Раҷабова З. ҳусни оғоз бахшид. Ў қайд кард, ки ҷамъомади навбатии маҳфил ба Рўзи ҷавонон бахшида шудааст. 

Аз назар гузарониданд: 541 нафар

ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ВИЧ-СПИД

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар факултети забонҳои шарқ санаи 25-уми майи соли равон, дар мавзўи «Ҷавонон бар зидди бемории сирояткунандаи ВИЧ-СПИД, чорабинӣ баргузор гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 447 нафар

ВОХӮРИИ СУДМАНД

Имрӯз дар  факултети тарбияи ҷисмонӣ вохӯрии донишҷӯён бо мутахассиси пешбари  шуъбаи тарбияи донишгоҳ дотсент  М. Улмасов    гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ садорати факултет ва кураторони гурӯҳҳо иштирок намуданд. М. Улмасов иштирокдоронро бо  нусхаи Протоколи  маҷлиси Ҳукумати ҶТ № 1  аз 18 январи соли 2018 «Бо мақсади  пешгирии хатари паҳншавӣ ва  оқибатҳои  ногувори  мубталошавии шаҳрвандон  ба бемории сироятии ВМНО /БПНМ тавассути пурзӯр кардани  корҳои  фаҳмондадиҳӣ дар байни  аҳолӣ махсусан  ҷавонону наврасон дар донишгоҳҳо»  ва мактуби  Вазорати маориф ва илми  ҶТ аз 02.05.2018 № 05/5-2315,  № 05/5-579 аз 02.02.2018 шинос намуд.

Аз назар гузарониданд: 501 нафар

ОБ МЕҲВАРИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОР АСТ

Бо иқдоми устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо кормандони китобхонаи вилояти оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 24-уми майи соли ҷорӣ дар толори китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, маҳфили илмӣ таҳти унвони «ОБ МЕҲВАРИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОР АСТ» бахшида ба Даҳсолаи байналмилали амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” баргузор гардид.  Дар рафти маҳфил масъалаҳои гуногуни истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об баррасӣ гардид.

Аз назар гузарониданд: 511 нафар

МАҚОМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМ

Дирӯз дар толори раёсати донишгоҳ конференсияи илмӣ- амалии вилоятии магистрантон  дар мавзӯи “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.

Конфронсро  муовини ректор оид ба таълим профессор А. Раҳимов ҳусни оғоз намуда, дар баромади хеш қайд намуд, ки “Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола дар моҳи май, ки бар асоси  ҳидоятҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рўзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, конференсияи вилоятии илмию амалии магистрантон таҳти унвони «Мақоми ҷавонон дар рушди илм» бо мақсади баррасии муҳимтарин муаммоҳои илмҳои мухталиф тариқи суханрониву маърўзаҳои онҳо доир мегардад, ки имсол он бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рўзи ҷавонон баргузор мешавад”.

Аз назар гузарониданд: 511 нафар

БРЕНД ВА ҚУВВАИ ДАРКИ ИМКОНИЯТ

Дар толори факултети молия ва иқтисодиёти бозоргонии донишгоҳ дирӯз  семинари илмӣ – амалии ширкати “Мегафон  Тоҷикистон”  дар мавзўзи “Бренд ва қувваи дарки имконият” баргузор гардид,  ки дар он донишҷўёну устодони ихтисосҳои менеҷмент, молия ва қарз, баҳисобгирӣ ва аудит, маркетинг иштирок намудан.

Чорабинии мазкурро  менеҷери ширкати Мегафон  оид ба кор бо ҷомеа кормандони шуъба оғоз намуда,  доир ба ҳамкориҳои донишгоҳ бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва аҳмияту зарурати семинар – машваратҳои ширкати мазкур сухан намуданд.

Аз назар гузарониданд: 537 нафар

<< < 7 | 8 | 9 | 10 | 11 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 2 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар