ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК: КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АДАБИИ «МАВЛОНО ВА ФАРҲАНГИ ИНСОНӢ»

Бахшида ба Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар толори факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  конфронси илмию адабӣ таҳти унвони «Мавлоно ва фарҳанги инсонӣ» доир гардид. Муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсияи донишгоҳ профессор Сабуров Х.М. ба конфронс оғоз бахшида, дар бораи ин орифи сухан, омӯзгори асили ахлоқ, донандаи илми тасаввуф, шоири беҳамто андешаҳои худро баён намуда, қиммати ашъори адибро муаррифӣ кард. 

Аз назар гузарониданд: 932 нафар

ШИРКАТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БА ДАРСИ ОМӮЗГОРОН

Дар давоми ду ҳафтаи сипарӣ ректори Муассисаи давлатии таълимии  “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба зиёда аз 50 машғулиятҳои омўзгорони факултетҳои физика ва техника, телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, биология ва химия, математика, тарбияи ҷисмонӣ ва геоэкология ширкат варзид.

Аз назар гузарониданд: 902 нафар

ДАРСИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “ҲИЗБҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ”

Дирӯз дар факултети геоэкология бо ташаббуси кафедраи  геоэкология ва методикаи таълим дарси тарбиявӣ  дар  мавзӯи “Ҳизбҳои  ғайридавлатӣ” бо иштироки декани факултет ва устодону донишҷӯён  гузаронида шуд.    

Аз назар гузарониданд: 904 нафар

ТАҶЛИЛИ РЎЗИ РЎДАКӢ

Дар толори факултети геоэкология  бахшида ба Рўзи Рўдакӣ    чорабинии илмӣ- тарбиявӣ, таҳти унвони  “Рўдакӣ рафту монд ҳикмати Ў” бо  иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 996 нафар

ВОХӮРӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ”

Дирӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ  бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба терроризм ва экстремизм ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён вохӯрӣ таҳти унвони “Ҷавонон зидди терроризм” баргузор гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 900 нафар

ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ: КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ

Дирӯз дар толори факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек ва методикаи таълим ба ифтихори 1160-солагии асосгузори  адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ, таҳти унвони “Мақоми Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар рушди нумӯи ҷараёни адабӣ”  баргузор гардид.

Аз назар гузарониданд: 881 нафар

МАҚОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДАР РУШДИ НУМӮИ ҶАРАЁНИ АДАБӢ

Аз давраи валодати сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 1160 сол сипарӣ гашт, аммо то ҳол ашъори ноби ин шоири бузург вирди забони ҳамаи дӯстдорон ва мухлисони назм аст. Шеъри ӯ то ҳол барои мардуми форсизабонон фаҳмову равшан буда, қалбу рӯҳи инсонро оромӣ мебахшад.

Ба ифтихори 1160-солагии асосгузори  адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар толори  факултети забонҳои шарқ санаи 26 сентябри соли ҷорӣ  конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Мақоми Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди нумӯи ҷараёни адабӣ”  баргузор гардид.

Сараввал  сухани ифтитоҳӣ ба декани факултети забонҳои шарқ,  номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳимов И. дода шуд.

 

Аз назар гузарониданд: 1025 нафар

ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО: К А В А Н Д А

ангораи як мусаввара ...

1.МАЗО МО МАЗО

"Гузашт он чи гузашт".

Аз гузаштаи Муҳиддин Кабирӣ ҳарфи зиёде намегӯям. Миёни як ҳизби сиёсии собиқадор ва бонуфузро бишкаст. Даҳҳо нафар кушта ва зиндон шуданд. Садҳо нафар хонахез рӯ ба муҳоҷират оварданд. Агар Кабирӣ инсоф медошт ҳатман истеъфо медод. 

Аз назар гузарониданд: 1137 нафар

1 | 2 | 3 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 3 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар