ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


САҲМИ ДИЛОВАРОНИ ВАТАН ДАР БЕДОРФИКРИИ ҶАВОНОН

Дирӯз дар хобгоҳи №9-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Саҳми диловарони Ватан дар бедорфикрии ҷавонон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ, дотсент А. Бердишукуров ҳусни оғоз бахшида, аз қаҳрамонию далерии мардони ватандӯстӣ мамлакат ҳарф зад.

Аз назар гузарониданд: 522 нафар

ОИЛАИ СОЛИМ МУҶИБИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Дирӯз бо ташаббуси Шӯрои занони факултети забонҳои хориҷӣ ва донишҷӯёни гурӯҳи 203 чорабинии тарбиявӣ бахшида Рӯзи оила таҳти унвони “Оилаи солим муҷиби солимии ҷомеа” бо иштироки устодони факултет ва дотсенти кафедраи психологияи умумӣ дотсент Мансурова А. Р. баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Раиси Шӯрои занон сармуаллима Исоева Д.Ҳ. оғоз гардид ва мавсуф зимни суханронӣ устодону меҳмононро муаррифӣ кард.

 

Аз назар гузарониданд: 465 нафар

ОИЛА МАКОНИ МЕҲРУ МУҚАДДАС

Санаи 15-уми майи соли равон бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ Рўзи оила бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.    Дар чорабинӣ устодони кафедраи мазкур ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Сараввал, мудири кафедра дотсент Д.Бобоҷонова дар бобати Рўзи оила баромад намуда, роҷеъ ба мақому манзалати оила дар ҷомеаи навин, ҳифзи арзишҳои пешқадами оила дар шароити имрўза, таҳкими пояҳои устувории оила ва фаъолсозии оила дар тарбияи насли ҷавон ибрози андеша намуд, дотсент Ҳ. Олимова аз рўзгори пурбаракати хеш ки як оилаи намунавии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, мисолҳо оварда оила ва манзалати оиладориро ба ҳозирин фаҳмонид. 

 

Аз назар гузарониданд: 488 нафар

НИШАСТИ НАВБАТИИ “ГАНҶИ СУХАН”

Дар маҷмааи меҳмонхонаҳои “Абдуқодир Ҷабборзода” нишасти 162-юмини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” баргузор гардид. Нишасти навбатӣ яке аз маҳфилҳои хуб ва хотирмон, инчунин самимиву пуршукӯҳ маҳсуб ёфт, аз он ҷиҳат, ки мавзӯи меҳварии он шеър ва шахсияти шоири классики адабиёти муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ буд. Файзу шукуҳи маҳфил бо ҳузуру суханрониҳои шарикдарсону ошноёни ҷонии устод Лоиқ адабиётшиноси варзида профессор Абдунабӣ Сатторзода, Шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, дӯст ва ҳамдарси устод Лоиқ  Раҷабмуҳаммад Шарифов боз ҳам афзун гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 632 нафар

ҶАВОНОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Бо ташаббуси омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Раҷабова С.Б. ва донишҷӯёни гурӯҳи 108 дар хобгоҳи №1-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм!”  бо иштироки устодон ва донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо навори ибратомез оғоз шуда, аз тарафи барандагон маълумот дар бораи терроризм ва экстремизм пешкаши тамошобинон гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 551 нафар

МАВҚЕЪ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

 

Бо мақсади ҷалби олимону муҳаққиқони ҷавон ба яке, аз масъалаи муҳим – дурнамои   рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар, бахшида  ба  «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Шўрои олимони ҷавони факултети филологияи рус дирӯз дар  толори Литсеи физикӣ-математикии №1 ба номи М. Осимӣ  бо  дастгирии  директори он, Азимова М.А. мизи мудаввари васеъ байни талабагони болаёқатманд таҳти унвони  “Мавқеъ ва дурнамои  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»   баргузор   гардид.   

  

 

Аз назар гузарониданд: 560 нафар

МАСЪУЛИЯТИ ФАРЗАНД ДАР НАЗДИ ВОЛИДАЙН

Дар факултети физикаю техника  дирӯз маҳфили навбатии «Насиҳат гўш кун ҷонон»-и шуъбаи тарбияи донишгоҳ дар мавзўи «Қарзи фарзанд дар назди падару модар» баргузор гардид.  Дар он устодон, кураторони гурўҳҳои академӣ ва  донишҷўёни  факултет иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро декани факултет номзади илмҳои физика-математика, дотсент М.И.Шамсиддинов  ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо мақсад ва ҳадафҳои асосии маҳфил шинос намуд. Ҳамзамон, ў оид ба нақш ва мавқеи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» сухан ронда, махсус таъкид намуд, ки дар қонуни мазкур инчунин фарзандон низ баъди ба камол расидан ва пиронсолии падару модар дар назди онҳо масъулиятҳои муайянро бояд ба ҷо биёранд.

 

Аз назар гузарониданд: 555 нафар

ИҶРОИШИ ФАРМОН ДАР АМАЛ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Поягузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми ноябри соли 2016, №776 дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ  дирӯз дар хобгоҳи №3-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуб» гузаронида шуд.

 

Аз назар гузарониданд: 528 нафар

<< < 9 | 10 | 11 | 12 | 13 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 1 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар