ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ТАҶЛИЛИ НАВРЎЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Ҷашни Наврўзи ҳуҷастапай имсол ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо маросими кушодашавии Осорхонаи таърихии донишгоҳ дар тарҳи ҷадид оғоз гардида, тамоми собиқадорон, олимону мутахассисон, меҳмонону ҳунармандон ва устодону донишҷўёнро ба майдони наврўзии саҳни бинои 1-и таълимӣ ба ҳам овард.

Аз назар гузарониданд: 844 нафар

НИШАСТИ НАВРӮЗИИ “ГАНҶИ СУХАН”

Нишасти 160  маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар ҳузури бештар аз дусад нафар дӯстдорони каломи бадеъ бо иштироки олимону адибони номвари кишвар дар арафаи Наврӯзи дилафрӯз дар толори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо Наврӯз муборакбод гуфт ва иттилоъ дод, ки ин нишаст ба ду воқеаи фараҳбахш яке фарорасии Баҳору Наврӯз дигаре ба  солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст.

 

Аз назар гузарониданд: 622 нафар

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ҶЎРАЗОДА ҶАМШЕД ҲАБИБУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ИДИ НАВРЎЗ

Устодони муҳтарам!

Донишҷўёни гиромӣ!

Нахуст дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки баҳори фаррухпай ба сарзамини мо қадамҳои муборак хешро  мегузорад, фарорасии ҷашни  ҷаҳонии Наврўзро бароятон таҳният гуфта, орзуманди он ҳастам, ки ҳузури ин баҳор ва ин ҷашни хуҷаста имсолу солиёни дигар ба  ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми азизи кишвар рўзҳои офтобиву гулрез, фаровониву нусратёрӣ, дастархони пур аз нозу неъматро чун ҳадяи беҳтарини идона ато оварад.  

 

Аз назар гузарониданд: 689 нафар

НАВРӮЗ-ҶАШНИ ҲУҶАСТАПАЙ

Дар  толори факултети физика ва техникаи Донишгоҳ бахшида ба омад омади Наврӯзи оламафрӯз аз ҷониби маҳфили “Гулчини адаб”-и  назди кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни факултети филологияи рус, математика, физика ва техника бо табрикнома, қироати шеърҳо, хондани суруд, рақсҳои ҷолиб ва  иҷрои саҳначаҳо баромад намуданд. Дар чорабинӣ декани факултети физика ва техника дотсент Шамсиддинов М, намоянда аз шӯъбаи тарбияи донишгоҳ, иштирок намуданд. 

Аз назар гузарониданд: 692 нафар

СОЛИ 2018 – СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ бахшида ба Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикор ва иштироки донифшҷӯёни гурӯҳи 310, ихтисоси назария ва амалияи тарҷумаи забони англисӣ викторинаи илмӣ дар мавзӯи “Tourism”(Саёҳат) баргузор гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 567 нафар

ЗАН ЧАРОҒИ ХОНАДОН

Таҳти чунин унвон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар дар толори хобгоҳи №3-и донишгоҳ бо иштироки устодон ва гулдухтарони ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.

Ба чорабинӣ устоди кафедраи умумидонишгоҳии  сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ М. Қурбонова ҳусни ифтитоҳ бахшида, тамоми меҳмонон ва донишxeёнро бо фарорасии фасли баҳор ва  Рӯзи модар табрику муборак бод намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки занҳо фариштаи рӯи замин, чароғи хонадон, роҳнамои фарзандон мебошанд.

 

Аз назар гузарониданд: 626 нафар

ҶАШНИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР ДОНИШГОҲ

Дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Иди бонувон, “Рӯзи модар” барномаи адабию фарҳангӣ бо иштироки меҳмонон ва устодону бонувони донишгоҳ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда иброз дошт, ки имрӯз сиёсати давлату Ҳукумат махсусан таваҷҷӯҳи Пешвои миллат дар баланд бардоштани мавқеи зан  дар ҷомеа назаррас буда, ба он равона гардидааст, ки то ҳаёти занону модарони мо осоишта гардида, ин табақаи иҷтимоии пурмалоҳати ҷомеа ҳамчун роҳбар, сиёсатмадор, олим ва тарбиятгари беҳтарин шинохта шаванд. 

Аз назар гузарониданд: 798 нафар

ДОНИШҶӮ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ

Бахшида ба муносибати Рӯзи модарон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар бинои таълимии №3 маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии информатика, таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”доир гардид.

Ба маҳфили илмӣ-амалӣ мудири кафедраи мазкур дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшид. Иштирокчиёни навбатии ин маҳфили номбурда донишҷўёни соли аввали факултети забонҳои хориҷӣ буданд.

 

Аз назар гузарониданд: 602 нафар

<< < 16 | 17 | 18 | 19 | 20 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

‹›
ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 3 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар