Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!
ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”
ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ
Бонувони арҷманд,
Модарону хоҳарони азиз!
Дар ин рўзҳои накҳатангези баҳору наврўзӣ бо камоли мамнунӣ ва як ҷаҳон ифтихор ҳар яки Шуморо бо фарорасии иди зебои бонувон, Рўзи Модар – 8 март табрику муборакбод мегўем.
Дар факултети педагогӣ чорабинии тарбиявӣ бахшида ба Рўзи модар гузаронида шуд. Чорабиниро омўзгорони фанни забони русӣ омода ва пешниҳоди донишҷўён намуданд. Чорабинӣ «Если рай есть на земле, то это моя Мама» унвон дошта, ба забони русӣ ҷараён гирифт. Дар оғози чорабинӣ суруди умумӣ таҳти унвони «Мама» (тариқи зинда) иҷро гардид. Намоиш тариқи слайд «Модари ман - беҳтарин», саҳнача, суруд, рақс ба чорабинӣ ҳусни нав ва мазмуни баланд бахшид.
Бо ташаббуси шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар назди кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ, синфхонаи 331, бо иштироки 85 нафар донишҷӯёни ихтисоси системахои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ ва устодони кафедра бо намояндаи ҶСП “Мегафон” дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Телефони мобилии имрӯза ва оянда” баргузор гардид.
Ҳафтаи қаблӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як қатор тағйироти кадрӣ ба вуқўъ пайваст, ки тибқи он дар асоси Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2018, таҳти №982 Давлатзода Рухсора ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ таъйин карда шуд.
Дар китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳфил таҳти унвони «Тоҷикистон сарзамини зебоӣ ва ҳунар» доир гардид. Маҳфил дар ду бахш иборат буда, қисми нахустини онро намоиши асарҳои тозанашр, ҳунарҳои дастӣ ва сурату муҷассамаҳо ташкил фаро гирифтааст.
Дар факултети педагогӣ маҳфили навбатии «Фарҳанги оиладорӣ» бо иштироки намояндаи кумитаи кор бо занони МИҲД шахри Хучанд, раиси Шурои бонувони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров З. Раҷабова, собиқадори меҳнат Р. Мухаммадаминова, раиси Шўрои бонувони факултетҳои мухталиф ва донишчуёни факултетҳои даъватшуда баргузор гардид.
Дар факултети геоэкология чорабинии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ширкатҳои туристӣ ва мавқеъи онҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид. Дар он муовини директори Ширкати “Суғдиён-Помир-Тур” Абдухалилов Абдуҷалил ва намояндаи ширкати “ББ-Тур Наргис” Шомуродов Самандар, профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Худойбердиев ва устодону донишҷӯёни факулетет ҳузур доштанд. Чорабиниро сармуаллимаи кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография Муинова З.М ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баъдан муовини директори ширкати туристии “Суғдиён-Помир-Тур” Абдухалилов А. оид ба фаъолияти ширкати мазкур, аз таърихи ташкил ва тараққиёти ширкат, мақсад ва вазифаҳои он, ҳуҷҷатнигорӣ дар ин соҳа ва муаммоҳои мавҷуда маълумот дод.
Дар факултети санъати донишгоҳ бахшида ба Рузи Артиши миллии Тоҷикистон вохурӣ бо собиқадорони ҷанги Афғонистон ва муҳофизони сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ректори донишгох, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ахли нишастро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда чорабиниро ифтитоҳ бахшид. Баъдан мавсуф перомуни масъалаи иқдомхои нахустини таъсиси Артиши миллӣ маърӯза намуд.
СУРУДИ ДОНИШГОҲ