Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!
ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”
ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ
Дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу впҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа бо ширкати Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев ва Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Р.Ҳошимзода, ректори ДДҲБСТ Шарифзода Мумин Машокир ва ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло баргузор гардид.
Санаи 5.01.2018 дар толори Раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақша чорабиниҳои донишгоҳ, чорабинии ҷамъбастии Соли ҷавонон, ки бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои ҷавонони донишгоҳ дар соҳаҳои илму иноватсия, таълиму тарбия ва фарҳангу варзиш баргузор гардид. Дар чорабинӣ Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилоят Фирдавс Салимӣ, мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои Олимон, ки санаи 28.12.2017 дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, якчанд устодони донишгоҳ бинобар сарфароз шуданашон бо диплому ҷоизаҳо аз ҷониби ректори донишгоҳ тақдим карда шуданд. Аз ҷумла, Х. М. Сабуров муовини ректор оид ба илм ва инноватсия сазовори Дипломи аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Руссия шарафёб гардид.
Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бо дастгирӣ ва мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм ва амнияти миллӣ” баргузор карда шуд.
Тибқи талаботи мавҷуда ва нақшаи қабулгардида ҳарсол устодону омӯзгорони донишгоҳ аз курси тайёри такмили ихтисос гузаронида мешавад. Имсол низ дар ин самт корҳои муайяни ташкилӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Ҳадафи гузаронидани такмили ихтисос такмил ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбии омўзгорон буда, курсу семинар, машғулиятҳои амалӣ, лексия, машваратҳои фардӣ, гурўҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илмию амалӣ, илмию-методӣ, таълимию-методиро дар бар мегирад.
Истиқболи субҳи пурсаодат ва умедбахши соли нави 2018 пайи комёбӣ ва дастовардҳои соли ҷорӣ, хотираву рўйдодҳои неку созанда дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров имрўз танинандоз аст.
Тантанаи ҷамъбасти бомуваффақият ва шоистаи соли 2017, ки дастовардҳои он тавонистанд донишгоҳро ба сатҳи нави рушд ва фаъолият боло баранд, шаҳодати пешрафт ва муаррифгари ин боргоҳи илму ирфон ва нуру зиё гаштааст.
Дар толори раёсати донишгоҳ Конфронс баргузор гардид. Мақсади баргузории ин конфронс муайян намудани омилҳои омўзиши забони хориҷӣ, беҳтар намудани сифати таълими забони англисӣ ва ба амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забони русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020”дар факултетҳои ғайритахассусӣ мебошад.
Дар кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети филологияи рус машғулияти кушоди махфили донишҷӯён «Забони русӣ ва таърихи он» таҳти унвони «Пайдоиши навиштаҷоти славянӣ» («Возникновение славянской письменности») баргузор гашт. Дар рафти машғулият аъзоёни маҳфил оиди пайдоиши хат ва алифбои славянӣ, оиди асосгузорони алифбои славянӣ Кирилл ва Мефодий манбаҳои хатти қадимтарини славянӣ, мисли «Остромирово Евангелие», «Повести временных лет», «Слово о полку Игореве» маълумотҳои мушаххасро дар намуди муаррифи пешкаш намуданд.
СУРУДИ ДОНИШГОҲ