ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ВОХӮРӢ БО ВОЛИДОНИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОР
Дар синфхонаи 409  ҷаласаи васеъи волидони донишҷўёни курси 1-уми ихтисосҳои аудит ва ревизия, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, кори бонкӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон  мувофиқи ҷадвали тасдиқ гардида ташкил ва гузаронида шуд. 
Ҷаласаи мазкурро декани факултет профессор А.Л.Қодиров оғоз намуданд.  Роҳбари факултет қайд кард, ки донишҷӯёни факултет бояд дар асоси Фармони ВМҶТ №14/2 аз 4.10.2007  оиди «Дастурамали либосҳои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» ба дарс ҳозир шаванд.  
Аз назар гузарониданд: 847 нафар

АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ДАРСҲОИ КУШОД
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи кафедраи Электроника санаи 30 октябри соли 2017 дарси кушоди сатҳи факултетӣ аз тарафи сармуаллими кафедраи электроникаи факултети физикаю техника А. Усмонов дар гурўҳи 206 ихтисоси МЭҲ аз фанни Барномасозӣ дар мавзўи «Оператори сикли бо шарти аввалаи WHILE … WEND» гузаронида шуд.
Аз назар гузарониданд: 451 нафар

ВОХЎРИИ ДОНИШҶЎЁНИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ БО НАМОЯНДАГОНИ РАЁСАТИ ВКД ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Яке  аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ  ва  дар амал  татбиқ  намудани  рукнҳои  Консепсияи  миллии  тарбия,  аз ҷумла  тарбияи  ҳуқуқӣ  ин пеш аз ҳама ҳамкорӣ  бо  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ   махсуб  меёбад, ки дар ин самт дар факултети  педагогӣ  кор  тибқи   нақша идома  дорад.
Аз назар гузарониданд: 390 нафар

ДОНИШҶӮ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ
Маҳфили илмию амалӣ навбатии кафедраи умумидонишгоҳии «Информатика», таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар синфхонаи №301-и бинои таълимии №3 доир гардид, ки дар он устодони кафедра ва донишҷўён иштирок намуданд. 
Аз назар гузарониданд: 528 нафар

МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶЎЁНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОР
Дар факултети молия ва иқтисодиёти бозори донишгоҳ маҳфили илмии донишҷўён баргузор гардид. Дар ин маҳфил устодони факултет ва донишҷўён иштирок намуданд. Сараввал ноибдекан оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Р. Мавлонов маҳфилро ифтитоҳ намуда, таъкид сохт, ки маҳфили мазкур тибқи нақшаи тасдиқшуда бо мақсади ҷалби донишҷўён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил карда шудааст. Сипас роҳбари маҳфили илмии факултет муаллима Н. Рахматова  қайд намуд, ки  таваҷҷўҳ ба дастгирӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз ҳамчун яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хирадмандонаи маҳсуб ёфта, ин тадбири муҳим ба таҳкими фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну аспирантон, саҳми боризи онҳоро дар пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мусоидат намудааст.
Аз назар гузарониданд: 648 нафар

ТАШКИЛОТИ МУБОДИЛАИ ИЛМИИ ОЛМОН (DAAD) ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
Дар асоси ҳамкории шуъбаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо хадамоти мубодилаи (DAAD) дирӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ конфронс ташкил карда шуд. Дар конфронси мазкур намояндаи ин ташкилоти илмию таълимӣ хонума Никола Фёрингер ба устодону донишҷӯён дар бораи роҳҳои таҳсил ва тадқиқот дар донишгоҳҳои Германия малумот дод. Ҳангоми чорабинӣ ҳозирин ба худ маълумотҳои заруриро гирифтанд. Ғайр аз ин, яке аз донишҷӯёни донишгоҳ, ки тавассути барномаи DAAD дар курси забономӯзии якмоҳина иштирок карда буд, дар бораи сафари худ ба Германия нақл карда дод. Дар қисми дуюми чорабинӣ ба хоҳишмандон филми бадеӣ бо забони олмонӣ намоиш дода шуд, ки он боиси васеъ гардидани ҷаҳонбинии донишҷӯён гардид.
Аз назар гузарониданд: 480 нафар

ВАҲДАТ – МАРОМИ ОЛИИ МИЛЛАТ
Нашриёти «Нури маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров китоби мудири кафедраи таърихи Ватан, доктори илмҳои таърих, профессор  Набиев Ваҳҳоб Машрафовичро таҳти унвони «Ваҳдат–мароми олии миллат» аз чоп баровард. Рисолаи мазкур  маҷмӯи асарҳои илмиву оммавӣ роҷеъ ба таърихи таҳкими сулҳ, ризоияти ҷомеа, ваҳдати миллӣ дар мамлакат буда, зери назари ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба нашр расидааст. Китоб дар таҳияи Қобилов Зафарҷон омода шуда, зери тақризҳои профессор Усмонҷон Ғаффоров ва дотсент Шавкат Шарифов чоп гардидааст.
Аз назар гузарониданд: 468 нафар

ТАВАҶҶӮҲ БА МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР
Дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ  устодон бо  волидони донишҷӯёни курси аввал  гузаронида шуд. Дар вохурӣ масъалаҳои сатҳу сифати таҳсили донишҷӯён, шароити хобгоҳ, таъмини маводи дарсӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар рафти соли хониш ба миён меоянд,  мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Аз назар гузарониданд: 490 нафар

<< < 42 | 43 | 44 | 45 | 46 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 1 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар