ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ДАР ЗАМИРИ ҚАЛБИ МО НОМИ ТУ ҶОВИДОНИСТ
Имрӯз даргузашти як нафар устоди собиқадори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳайдаров Мақсудҷон Дадоҷонович, ки умри бобаракати хешро сарфи пешравию муваффаққиятҳо дар ин боргоҳи илму маърифат намуда буданд,  барои мо як андӯҳи гарон мебошад. Ҳайдаров Мақсудҷон Дадоҷонович яке аз шахсиятҳое ба шумор мераванд, ки дар давоми фаъолияти пурсамарашон корҳои муҳиму арзандаро ба сомон расонида, ҷиҳати ба як маркази муҳими илму маърифт табдил ёфтани он дар канори устодони соҳибноми он нақши арзанда гузоштанд. Тавре аз корномаҳои зиндагии эшон бар меояд бисёр корҳои ободониву хоҷагидорӣ бо ташаббус ва барномарезиҳои ин шахсият ба маънои томаш инсон вобастагии калон доштааст.
Аз назар гузарониданд: 527 нафар

ТАҲҚИҚИ НАСРИ СОРБОН
Нашриёти «Хуросон»  китоби сармуаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филология Қаюмова Дилбархон Ғафуровнаро зери унвони «Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон»-ро бо теъдоди 100 нусха аз чоп баровард. Бояд қайд кард, ки рисолаи мазкур зери назари доктори илмҳои филологӣ, корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Матлуба Хоҷаева ба нашр расидааст. 
Аз назар гузарониданд: 456 нафар

ИДИ МЕҲРГОН
Дар толори факултети геоэкология чорабинии тарбиявӣ–фарҳангӣ бахшида ба ҷашнгирии иди аҷдодии тоҷикон Иди Меҳргон баргузор гардид.
Иди Меҳргон-яке аз идҳои куҳантарини ҷашнҳои мардуми Ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчуни ситоишу ниёиш Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оинӣ меҳрпарастӣ  таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Аз назар гузарониданд: 422 нафар

ИНКИШОФИ АЛОҚАҲОИ ГУМАНИТАРИИ ТОҶИКИСТОНУ РУССИЯ
Имрӯз дар маҷлисгоҳи хурди Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар дар мавзӯи “Инкишофи алоқаҳои гуманитарии Тоҷикистону Руссия” доир гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси ташкилоти экспертии ”Урал–Эвразия” (Руссия) баргузор гардид. Онро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ А. Азизов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо дастовардҳои донишгоҳ шинос намуд. Модератори мизи мудаввад Погорельский Канстантин сарвари ташкилоти “Урал–Эвразия”  дар бораи мақсад ва мароми ин нишаст сухан ронд.  Дар навбати худ роҳбари филиали намояндагии  Россотрудничечтво дар шаҳри Хуҷанд И. Иванов доир ба нақшаҳои ташкилоти худ сухан ронда, самтҳои асосии дасгирии соҳаи маорифро дар вилояти суғд баррасӣ намуд. Дар муҳокимаи масъалаҳои гузошташуда олимони донишгоҳ Иномҷон Мамадалиев, Набиҷон Раҳимов, Илҳом Каримов, Темур Каримов ва дигарон баромад намуданд. Инчунин дар мизи мудаввар Содиқова Хуршеда–роҳбари филиали намояндагии фонди инкишоф, институти тадқиқоти “Авро Осиё” дар вилояти Суғд, Мавзуна Дадабоева намояндаи рӯзномаи Согдийская Правда, Рудаков Вадим – эксперти “Урал Эвразия” Дилбар Самадова–мудири  кафедраи журналистикаи донишгоҳ ва дигарон иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Дар ҷараёни муҳокима чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт: 
Аз назар гузарониданд: 447 нафар

ТАЙЁРИИ ТАХАССУСМАНДОНИ КАСБӢ - ИФТИХОРИ ОМӮЗГОРОН
Дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиму тарбия ва омодагии тахассусмандони касбӣ, алалхусус, муллимони ояндаи фаннӣ яке аз масъалаҳои муҳими мактабҳои олӣ маҳсуб меёбад.   
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2009 қайд карда буданд, ки маориф яке аз соҳаҳои асосии ҳаёти ҷамъият буда, минбаъд ба ин соҳа аҳамияти хоса бояд дода шавад. 
Аз назар гузарониданд: 516 нафар

АЗ РАВАНДИ ДАРСҲОИ КУШОД
Имрӯзҳо бо дастгириву ғамхориҳои  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Э.Раҳмон ба пешрафти илму маориф такони ҷиддӣ дода шуда, шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ  беҳтар карда шуда, бо технологияи муосир таъмин гардонида шуданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо  устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ  вазифаи муқаддаси хешро  шарафмандона ба иҷро расонида, дар амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ  ва куллан беҳтар намудани сатҳ ва сифати дониши донишҷӯён  саҳми худро гузошта истодаанд.
Аз назар гузарониданд: 460 нафар

РАВАНДИ ШАКЛГИРИИ ИМИҶИ МУАССИСАҲОИ ОЛӢ
Дар доираи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ширкати “Мегафон-Тоҷикистон”, дируз бо ибтикори муовини оид ба робитаҳои  байналхалқӣ Абдуҳафиз Азизов, сардори Маркази технологияҳои иттилоотии донишгоҳ Абдуваҳоб Ваҳобов дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик мулоқот дар мавзуи “Имиҷ чист?”  баргузор карда шуд. Онро мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Дилбар Самадова ифтитоҳ намуда, муҳим будани лоиҳаи мазкурро таъкид кард. Сипас, сармуаллимаи кафедра Дилбар Қаюмова дар мавзуи “Раванди шаклгирии имиҷи муассисаҳои олӣ” маъруза намуд.
Аз назар гузарониданд: 417 нафар

САБАБҲОИ САР ЗАДАНИ ҲОДИСАҲОИ НОМАТЛУБ БАЙНИ ҶАВОНОН ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН
Дар хобгоҳи № 2 мусоҳибаи омӯзгорони факултети Телекоммуникатсия ва ТИ дар мавзӯи «Сабабҳои сар задани ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он» бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ донишҷӯ духтарони хобгоҳҳои №1,2,3 ва аз тарафи факултет муовини декан оид ба корҳои илм дотсент Д. Ибрагимова раиси созмони ҷавонони факултет Р.А.Холматов ва дигарон иштирок доштанд. Дар чорабинӣ муовини декан оид ба корҳои илм дотсент Д. Ибрагимова оиди мавзуи дар боло зикр шуда  баромад намуда, ба донишҷӯён оиди мафҳуми терорризм сабабҳои  шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифродгароӣ ва роҳҳои пешгирии он маълумот дод.
Аз назар гузарониданд: 440 нафар

<< < 43 | 44 | 45 | 46 | 47 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 2 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар