ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ
Дирӯз дар якҷоягӣ бо Шӯрои собиқадорон,  шӯрои занону духтарон созмони  ҷавонон дар факултети забонҳои хориҷӣ маҳфили “Чароғи Ҳидоят” бахшида ба 85–солагии донишгоҳ ва 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок карданд.
Аз назар гузарониданд: 492 нафар

ВАРЗИШ БОИСИ СОЛИМИЮ БАРДАМӢ
Садорати факултети забонҳои хориҷӣ баҳри ҷалб намудани донишҷўён ба тарбияи эстетикию чисмонӣ мунтзам чораҳои зарурӣ меандешад. Дар нимаи аввали моҳи октябр дар факултети мазкур байни донишҷуписарон мусобикаҳои варзишӣ дар варзишгоҳи навтаъсис баҳри солими ва ҷалби ҷавонон ба варзиш ташкил ва гузаронида шуд. Дар ниҳояти  бозии финалӣ донишҷӯёни курси 2-юм ғолиб омада аз тарафи садорати факултет қадршиносӣ карда шуданд. 
Аз назар гузарониданд: 519 нафар

БОБОҶОН ИКРОМОВ РЎЗНОМНИГОР ВА ПУБЛИТСИСТИ ВАРЗИДА
Бо ташаббуси кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи донишгоҳ дируз дар толори факултети филологияи тоҷик вохўрии рўзномнигори варзида Бобоҷон Икромов бо аҳли устодон  ва донишҷўёни риштаи рўзномнигорӣ  баргузор гардид. Бояд таъкид намуд, ки чорабинии мазкур дар бораи  60-солагии зодрўзи мавсуф ва 40-солагии фаъолияти эҷодии ин публитсисти пуркор бахшида шуд.
Аз назар гузарониданд: 512 нафар

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАВОНШИНОСОН
Бо ташаббуси кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ чорабинии таълимию тарбиявӣ ва фарҳангию фароғатии донишгоҳӣ бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии равоншиносон” ташкил ва баргузор гардид.  Чорабинӣ бо иштироки 117 нафар донишҷӯён ва 22 нафар омӯзгорон ташкил ва гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур зарурати омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани вазифаи илми психология дар ҷомеаи имрӯза, омӯзиши нозукиҳои илми психология, роҳҳои расонидани ёрии психологӣ бо нафароне, ки ниёз доранд, бароҳмонии машварати психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳҳои бартараф намудани муноқишаҳои оилаи ҷавони имрӯза, ташкили муносибати солими психологӣ, пешгирии психологии ҷавонон аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб,  даъват ба ҳимояти ватан, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯён саволу ҷавобҳо ва баҳсу мунозираҳои илмӣ ташкил гашта, ҳар як иштирокчии маҳфил аз он баҳраманд гашт. 
Аз назар гузарониданд: 515 нафар

МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ
10-уми сентябри соли равон бо ташаббуси иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров намоиши филми ҳуҷатии “Меъмори Сулҳу Ваҳдат” ба устодону донишҷӯёни факултетҳои молия ва иқтисоди бозор ва факултети педагогӣ гузошта шуд. Намоиши мазкурро муовини кумитаи ибтидоии ҲХДТ дар назди донишгоҳ дотсент Ӯғулой Умаралиева ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз комёбиву пешравиҳои кишвар ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода ҳарф зад.
Аз назар гузарониданд: 525 нафар

НАСБИ КАМЕРАҲОИ НАЗОРАТИ ДАР УТОКХОИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲ
Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар тамоми муассисаҳои олии кишвар камераҳои назоратӣ  бояд насб карда шаванд. 
Насби камераҳои назоратӣ дар утоқҳои таълимӣ то ҷое раванди дарсро дар донишгоҳҳои олӣ беҳтар намудааст. Соли дуввум аст, ки дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров бо камераҳои назоратӣ раванди таълим ва гузаштани дарси устодонро назорат мекунанд. Сардори шӯъбаи сифати таҳсилоти донишгоҳ С. Ёқубов мегӯяд, ки ин раванд устодону донишҷӯёнро масъулиятнок кардааст. “Онҳо ба дарсҳо таъхир намекунанд ва дар вақташ дарсҳо бо сифати баланд мегузарад”.
Аз назар гузарониданд: 534 нафар

ДАРХОСТ
Дӯстони азиз! Маҳфили илмиву адабии "Ганҷи сухан" тасмим гирифтааст, ки бахшида 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як китоб бахшида ба осори илмиву адабии Пешвои миллат, интишор намояд. Ҳадафи таҳияи ин китоб ошноии бештари хонандагон бо асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бинобар ин аз Шумо мақолаҳоеро мепурсем, ки он бахшида ба ин ё он китоби илмӣ, таърихӣ ва адабии Пешвои миллат бахшида шуда бошад. Мӯҳлати қабул то 15 октябри соли ҷорӣ. Бовар дорем мақолаҳои худро ба мо ирсол менамоед. Бо эҳтиром Саидумрон Саидов, масъули маҳфили "Ганҷи сухан".
Аз назар гузарониданд: 489 нафар

НАМОИШИ КИТОБ ДАР БОҒИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
“Биёед китоб мехонем” бо чунин унвон дар боғи фархангии Камоли Хуҷанди ярмаркаи вилоятии намоиш ва фурӯши  баргузор гардид. Дар ин чорабини донишчуён омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълими иштирок карданд. Бино ба гуфтаи масъулин аксарияти дустдорони китоб аз нашр шудани китобҳои хуби муосир бехабаранд ва ин аксия онҳоро огоҳ месозад. Хонандагон китобҳои ба худ заруриро аз ин аксия пайдо намуда харидори намуданд.
Аз назар гузарониданд: 467 нафар

<< < 45 | 46 | 47 | 48 | 49 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 1 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар