ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР ДОНИШГОҲ
Бахшида ба рӯзи забони давлатӣ дар толори раёсати донишоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки як қатор устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва намояндаи МИҲД–и  вилоят ва шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ таҳти унвонӣ ”Сарчашмаи ифтихори миллат”баргузор карда шуд. Дар конфронс нахуст ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда таъкид кард, ки забони миллии мо дар партави сиёсати пешвои миллат пас аз ҳазорсол  аз нав эҳё гашта ҳамчун рамзи ҳастии миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. 
Аз назар гузарониданд: 579 нафар

РАВАНДИ ТАЪМИНИ ХАТМКАРДАГОНИ ДОНИШГОҲ БА КОР
Мувофиқи эҳтиёҷоти кадрии шаҳру навоҳии вилоят ва ҷумҳурӣ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамасола теъдоди зиёди кадрҳои омўзгориро омода намуда, бо ҷойи кор онҳоро таъмин менамояд. Донишҷўёне, ки донишгоҳро тариқи буҷавӣ  хатм  мекунанд, барои бо ҷои кор таъмин шуданашон донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ  ҳамасола шароит мусоидат менамояд. Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоту  идораҳои эҳтиёxманд бо мутахассисони дахлдор, ҳамасола дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон», дар асоси «Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ихтисосҳои омўзгорӣ ва ғайриомўзгории шакли таҳсили буҷавӣ дар донишгоҳ комиссияи тақсимоти фардии хатмкунандагони зинаи «бакалавр» ва «мутахассис» роҳандозӣ шуда, фармоиши ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба тавсиб расида, тақсимоти пешакӣ ва ниҳоӣ дар ҳузури намояндагони ВМ ва ИҶТ, Раёсати маорифи вилоят ва шаҳру навоҳӣ гузаронида мешавад. Соли  таҳсили  2012-2013  572 нафар,  с/т 2013-2014 527 нафар, с/т 2014-2015 486  нафар, с/т 2015-2016 601 нафар ва с/т 2016-2017 684 нафар ихтисосҳои омўзгории донишгоҳро тариқи буҷавӣ хатм намуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият бурда истодаанд.
Аз назар гузарониданд: 497 нафар

УМРИ МИЛЛАТ БА УМРИ ЗАБОН ВОБАСТА АСТ
Тибқи нақшачорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ дар факултетҳои донишгоҳ маҳфилу чорабиниҳо ва конфронси илмӣ-амалӣ гузаронида шудаистодааст, ки дар он устодону донишҷӯён фаъолона  иштирок менамоянд. 
Аз назар гузарониданд: 531 нафар

САРҲАДИ ТОҶИК ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ!
Дар факултети  педагогӣ  бахшида ба Рўзи  забон  маҳфили илмӣ  - адабӣ  таҳти унвони  «Сарҳади  тоҷик  забони тоҷик аст»  баргузор гардид.  
Аз назар гузарониданд: 588 нафар

ҲАҚҚИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ
Дар хобгоҳи №2-и  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ таҳти унвони  “Муаллим мащзани фазлу зиё” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ сармутхассиси шӯъбаи тарбия М.Ӯлмасов, раиси занони    умумидонишгоҳӣ З.Раҷабова, чонишини декани факултети математика  А. Миршоев,  декани факултети математика Қ. Бобохонов ва раиси занон ва духтарони факултети филологияи тоҷик У. Абдурашидова ширкат варзиданд. 
Аз назар гузарониданд: 503 нафар

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ РЎДАКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
Мавриди зикр аст, ки ҳар сол санаи  21–уми сентябрро дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун рўзи бузургдошти поягузори адабиёти классикии тоҷику форс  маликушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи хотирмон дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳо ва мадориси миёна ба хотири тарғибу ташвиқ ва эҳёи илмомўзиву донишазхудкунӣ дар зеҳн ва замири ҳар як нафари донишандўзу доништалаб ба роҳ монда шудааст.  
Аз назар гузарониданд: 531 нафар

ОМӮЗГОРӢ- КАСБИ ПУРШАРАФ
Имрӯзҳо бо дастгириву ғамхориҳои  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Э. Раҳмон ба пешрафти илму маориф такони ҷиддӣ дода шуда, шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ  беҳтар карда шуда, бо технологияи муосир таъмин гардонида шуданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо  устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ  вазифаи муқаддаси хешро  шарафмандона ба иҷро расонида, дар амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ  ва куллан беҳтар намудани сатҳ ва сифати дониши донишҷӯён  саҳми худро гузошта истодаанд.
Аз назар гузарониданд: 650 нафар

БЕҲТАРГАРДОНИИ ТАҲСИЛОТИ МУҲАНДИСӢ ТАВАССУТИ ОМОДА НАМУДАНИ ОМЎЗГОРОН ВА МЕТОДҲОИ НАВИ ПАДАГОГӢ ДАР РУССИЯ ВА ТОҶИКИСТОН
Чунин унвон дорад лоиҳаи наве ки  аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Эразмус + дастгирӣ ёфт ва донишгоҳи мо дар он чун яке аз ташаббускорон ва ҳакори боэътимод ширкат менамояд.  
Озмуни ташкилоти мазкур моҳи октябр соли гузашта оғоз гардида, то 9-уми феврали соли ҷорӣ идома ёфта буд,. Дар ин муддат бо талошҳои пайвастаи кормандони шўъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ба мо муяссар гардид, ки дар 7 лоиҳаҳои дастаъҷамона ширкат варзем. Яке аз ин лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи политехникии Бухарести Руминия ва якқатор донишгоҳои ватаниву хориҷӣ  доир ба беҳтаргардонии таҳсилоти муҳандисӣ тавассути омода намудани омўзгорон ва методҳои нави падагогӣ дар Руссия ва Тоҷикистон (ERASMUS +EXTEND) таҳия карда шуда буд.
Аз назар гузарониданд: 489 нафар

<< < 46 | 47 | 48 | 49 | 50 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 2 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар