ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ҚАБУЛ БА АСПИРАНТУРА
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН FАФУРОВ ҚАБУЛИ АСПИРАНТОНРО БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ 2017- 2018 (ба тарзи таҳсили рўзона ва ғоибона, гурўҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ)
Аз назар гузарониданд: 1053 нафар

МАШВАРАТИ ОМЎЗИШӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ
Дар факултети педагогӣ бо иштироки кули омўзгорон ва кормандону коргузорон семинар – машварати омӯзишӣ роҷеъ баҷорӣ сохтани низоми нави холгузорӣ ва гузариш ба тарзи таҳсилоти фосилавӣ баргузор гардид.  Машваратро  декани факултет С. Рабиев ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо дастуру  супоришҳои раёсати донишгоҳ шинос намуд. Мавсуф таъкид бар он дошт, ки риояи қатъии низоми меҳнат аз ҷониби устодон ба роҳ монда шуда, ҷадвали навбатдорӣ ба таври қатъӣ риоя карда шавад. Декани факултет кураторон ва омўзгорони фанниро вазифадор намуд, ки минбаъд дар оғози ҳар як дарс 5 дақиқаи онро ба масъалаҳои сиёсӣ ва навидҳои рўзмарра бахшида, сатҳи донишҳои сиёсии донишҷўёнро баланд бардоранд. 
Аз назар гузарониданд: 905 нафар

ТУҲФА ДАР РЎЗИ ДОНИШ
Дар оғози соли хониш дар маросими таҷлили рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ва муттахассиси пешбари Шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Мирзотоҳир Набиев ду майдончаи варзишии хурд дар микроноҳияи 17-уми шаҳри Хуҷанд дар шафати биноҳои таълимии №1 ва №2 ба истифода дода шуданд. Дар маросими ифтитоҳ донишҷўёни варзишгар ва собиқадорони соҳа иштирок намуда, барои ин ибтикор ва дастгирӣ ба раёсати донишгоҳ изҳори сипос ва миннатдории худро баён намуданд. 
Аз назар гузарониданд: 560 нафар

ТАШРИФИ МАҲМАДАЛӢ ВАТАНЗОДА БА ДОНИШГОҲ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи корӣ оид ба шарҳи нуқтаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нав қабулшуда бо сардории Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйироти муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.
Аз назар гузарониданд: 901 нафар

ВОХӮРИИ МУДИРИ ШӮЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ
 Дар факултети педагогӣ, вохӯри донишҷӯёни курси якум  бо мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони раёсати донишгоҳ Эҳсон Наврӯзов вобаста ба пешвози иди Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз назар гузарониданд: 1183 нафар

ДУНЁРО ХУРШЕД РАВШАН МЕКУНАД, ДИЛҲОРО КИТОБ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати 26- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» таҳти унвони «Биёед, китоб мехонем» аксияи китобро баргузор намуд, ки дар он  бештари Китобхонаҳои вилоят китобҳои тозанашри  худро ба намоиш гузоштанд. Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳам ба монанди дигар муассисаҳои фарҳангӣ китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳро ба намоиш гузошт, ки аз он  хонандагони мактабҳои миёна, олӣ ва умуман мардумони касбу кори гуногун ғизои маънавӣ бардоштанд.  Дар  аксияи мазкур 50 номгў ва 108 адад китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 800 адад китобҳои устодон ва олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба намоиш гузошта шуд. Ҳадаф аз гузаронидани « Аксияи китоб» ин тарбияи насли   ҷавон, тарғибу ташвиқи фарҳанги китобдорӣ ва мутолиаи китоб мебошад. 
Аз назар гузарониданд: 741 нафар

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛИИ “ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ НАВИН”
Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Конференсияи илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Истиқлолияти миллӣ ва рушди Тоҷикистони навин” бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. 
Дар кори конфронс намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимои ва робита кор бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Шамсиева Манзура Набиевна ва устодону донишҷўёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Аз назар гузарониданд: 748 нафар

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР ҶАМШЕД ҶЎРАЗОДА БА МУНОСИБАТИ 26-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ташкилёбии давлати соҳибихитиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаи тоҷикон натиҷаи талошҳои пайваста ва ниҳояти ҷонбозиҳои халқхои маскуни ин сарзамин маҳсуб меёбад.
Аз назар гузарониданд: 678 нафар

<< < 50 | 51 | 52 | 53 | 54 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 1 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар