ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ – ТЕРРОРИСТИИ ҲНИТ – ДУШМАНИ ВАҲДАТ ХИЁНАТ БА ВАТАН – ХИЁНАТ БА МОДАР

Имрӯз тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдати ҶТ ҳар чи бештар саҳм гузоранд. Аммо баъзе нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва ҳаддал имкон кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.

Феълан як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯй ба беҳбудӣ орад ва мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд. 

 

Аз назар гузарониданд: 522 нафар

КАБИРӢ ЧЕҲРАИ АСЛИИ ХУДРО БОРИ ДИГАР ИФШО НАМУД

Дар ҷаҳони муосири моро фарогирифта ҳуқуқҳои фитрии инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, одамон озод дар давлатҳои мустаъқил умр ба сар мебаранд. Суботу оромӣ дар рӯи замин аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ ва давлатҳои алоҳида таъмин карда мешаванд. Аммо новобаста аз ин ашхос ва гурӯҳҳое низ мавҷуданд, ки бо андешаву ақида ва рафтору аъмоли “аҳриманӣ”-и худ мехоҳанд ба оромиву суботи давлатҳои алоҳида, ҳатто Ватани худ таҳдид намоянд.

Яке аз ин гурӯҳҳои тундраву ифротгаро - Ҳизби террористию экстремистии мамнӯи наҳзати ислом мебошад, ки бо ҷурми айбдорӣ барои ҷиноятҳои махсусан вазнин дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор доранд ва то ҳол аз паси миллату давлати худ сангпартоӣ мекунанд.

Роҳбари собиқ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки гӯё аз ҷониби кадоме аз давлатҳои Аврупо мақоми “гурезаи сиёсӣ”-ро гирифтааст, дар мусоҳиба бо мухбири DW бори дигар душмани миллат ва давлати худ буданашро исбот намуд. 

 

Аз назар гузарониданд: 578 нафар

МО ҲАМА ГУНОГУНЕМ, ВАЛЕ БАРОБАРЕМ!

Зиндагии инсон  бе  ҳастии  кўдакон  хеч  аст  ва онҳоро  бесабаб меваи умр    наменоманд. Ба  ҳамагон  маълум аст, ки  санаи 3-юми декабр рўзи  байналхалқии  маъюбон  таъин гардидааст. Бахшида ба ин санаи муҳим  ва бо мақсади такмил додани тарбияи  гуманистӣ  (рукни Консепсияи миллии  тарбия) дар факултети педагогӣ чорабинии тарбиявӣ  баргузор  гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси устодони кафедраи психологияи  иҷтимоӣ ва касбӣ  (сармуаллима М. Раҳимова) ва донишҷуёни    ихтисоси  психология омода  шуда буд. Чорабинӣ бо намоиши слайд дар мавзўи  «Шахсиятҳои  бузурге, ки имконияти маҳдуд доштанд»  оғоз гардида,  дар бораи инсонҳои бузург  ба монанди Эйнштейн, Бетховен,  Ба, ки  имконияти  маҳдуд  доштанд,  маълумот  дода шуд. 

 

Аз назар гузарониданд: 581 нафар

ТАРҒИБИ ВАТАНДЎСТӢ

Тибқи нақша-чорабиниҳои тарбиявии раёсати донишгоҳ, инчунин факултети физикаю техника ва кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт дар хобгоҳи №1 чорабинии тарбиявӣ дар мавзўи «Эҳсоси ватандўстӣ» бо иштироки донишҷўёни курси якум, дуюм ва сеюми ихтисоси физика, таҳти роҳбарии сармуаллимаи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт М. Ҳ. Ҳоҷибоева гузаронида шуд.

 

Аз назар гузарониданд: 525 нафар

БА МО БОВАР КУН

Дар факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоти  ҷамъиятии Маркази Занон “Гулрухсор” баргузор гардид, ки дар он беш аз 200 нафар донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи факултет иштирок карданд.

Дар вохӯрӣ раиси ташкилоти ҷамъиятии Маркази Занон “Гулрухсор”  Заррина Абдуқодирова баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки мақсади асосии Марказ расонидани ёрии руҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ буда, бештар ба занони ба хушунат рӯ ба рӯ шуда, кӯмак мерасонад. Тӯли 20 сол аст, ки ин Марказ  ба занон ва аъзоёни оилаи онҳо маслиҳатҳои муфид пешниҳод менамояд.

 

Аз назар гузарониданд: 526 нафар

ҲНИТ БАР ЗИДДИ МАНФИАТҲО ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Маълум аст, ки ҲНИТ аз оғози ташкилёбии худ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекард. Яке аз мақсадҳои асосии ин ҳизб, пеш аз ҳама, сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ба сари қудрат омадан буд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти ҲНИТ баста шуда буд. Баъд аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997) 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав номнавис шуда, ба фаъолият шурӯъ кард. 

Аслан ҲНИТ аз замони таъсис ва пайдошавиаш дар саҳна ва фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷў, тақрибкор, ниқорталаб, фитнаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шўхрат» пайдо намуд.

 

Аз назар гузарониданд: 512 нафар

ХУДКАРДАРО ДАВО НЕСТ

Ба ҳамагон малум аст, дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол  ҳизби сиёсӣ амал мекунанд. Намедонам, ки чӣ сабаб шуд, ки имрўз яқинан мардуми тоҷик фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҳудуди кишвар намехоҳанд.  Чун ман омўзгори ҷавон гуфтаниям, зеро имрӯз мо дар асри 21 қарор дорем,  мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои технологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбии мо бошад, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосила пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд. Шогирдонашон аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чида истодаанд.  

 

Аз назар гузарониданд: 498 нафар

ТАРҶУМОНИ ҶАВОН

Тибқи нақшаи доимоамалкунандаи маҳфилҳои илмӣ-назариявӣ дар факултети филологияи рус ҷаласаи навбатии маҳфили «Тарҷумони ҷавон» баргузор гардид, ки дар он аъзоёни маҳфил донишҷӯёни курсҳои 1-5 роҳбари маҳфил ва меҳмонон иштирок доштанд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда мавзӯи навбатии маҳфил ба ҳаёт ва фаъолияти шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ бахшида шуда буд. Дар махфил меҳмонон тарҷумон  Анвар Мирзохакими Олим, духтари шоири халќи точик Аминҷон Шукӯҳӣ Махфират Шукӯҳӣ, мехмонон аз мачаллаи «Согдийская правда», рузноманигор, нависанда Х.Х. Содиқова ва рузноманигор Дорофеева-Кутузова Н.Н. иштирок доштанд. 

Аз назар гузарониданд: 933 нафар

<< < 31 | 32 | 33 | 34 | 35 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

‹›
ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 3 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар