|
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ тарғиб намудани шавқи донишҷўён ба тадқиқоти умумӣ ва ҷалби донишҷўёни дорои истеъдоди касбӣ тибқи нақшаи нақшаи тасдиқгардида ҷаласаи навбатии маҳфили илмии донишҷўён “Эколог”-и назди кафедраи “Экология ва ҳифзи табиат” бо иштироки донишҷуёни курсҳои 1-4 ихтисоси экология ва агроэкология, донишҷўёни ихтисоси геоэкология ва география ва ҳифзи табиат баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он муаллима Ҳакимхоҷаева оғоз намуда, суханро ба мудири кафедра дотсент М. С. Собиров, доданд, ки ў оид ба зурурият ва аҳамияти иштирок дар маҳфил сухан карда, донишҷўёни курсҳои 1-ум, 2-юм ва сеюмро ба иштироки фаъолона дар ҷаласаҳои маҳфил даъват намуд.
Аз назар гузарониданд: 516 нафар
|













