ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ


ҶАМЪБАСТИ ТАНТАНАВИИ СПАРТАКИАДАИ ВАРЗИШИИ АНЪАНАВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд чорабинии сиёсию фарҳангӣ ва варзишии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зери шиори «Парчами парафшони Тоҷикистон» бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор бо иштироки устодону донишҷӯёни 15 факултетҳо ва олимону кормндони раёсати донишгоҳ бргузор гардид. Чорабиниро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда зикр намуд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хоса, ҷавонону наврасон дар ин давру замон хушбахту хуштолеъ ҳастанд. Зеро чӣ дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳсил, истироҳат, кору фаъолият, зиндагӣ ва чӣ дар садову симо ҳама бо шукргузорӣ дар васфи истиқлолият, расидан ба ваҳдати комил ва рушди ҳамаҷонибаи он ҳарф мезананд. Ба Сарвари давлати худ ва рамзҳои давлатии худ эҳтироми хоса мегузоранд, бо тамоми бурду бохташ кишвари худро дўст медоранд ва марзу буми онро ҳифз менамоянд. 

 

Аз назар гузарониданд: 567 нафар

МАРОМИ МО – СУЛҲУ СУБОТ ВА ОРОМИИ КИШВАР

Имрӯзҳо ҳамоишҳое, ки  бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд, изҳороти роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони он дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, гузоришҳои бархе аз рӯзноманигорон, ки воқеиятро ғайриобъек-тивона рӯи қалам меоранд, мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ, бонангу номус, Ватандӯсту хештаншиноси Ҷумҳуриро ором гузошта наметавонад.

Роҳбарон ва аъзоёни ҲНИТ фаъолияти ғаразнок, зишт, амалҳои ғояҳои ғайриинсонӣ, террористиву ифротгароии худро зери лиқоби дини мубини ислом рӯйпӯш намуда, бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ба ҳадафҳои нопоки худ – бо роҳи табаддулот, зӯроварӣ, бо истифодаи яроқ ва куштору хунрезӣ ғасби давлати қонунӣ расиданӣ буданд. Аммо Ислом динест, ки ҷавҳари онро  ахлоқу маданияти покиза ташкил медиҳад. Таълимоте, ки дар Қуръону ҳадисҳои Муҳаммад пайғамбар (с)  дида мешавад, инсонҳоро ба роҳи рост ва некиву накўкорӣ, ободкориву созандагӣ, илмомӯзӣ ҳидоят менамояд. Бинобар ин, ислом ба мавҷуд будани ҳизби сиёсӣ ниёз надорад.

 

Аз назар гузарониданд: 488 нафар

ФИТНАЕ, КИ БО ҲАМДАСТИИ БЕГОНАГОН АФРЎХТА ШУД!…

Баъд аз фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон мавқеи чашмгире ба даст овард. Ин марҳалаи нав дар шинохти кишвар ва нуфузу эътибори комили он дар миёни ҷомеаҳои бузурги ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Табиист, ки расидан ба падидаи неки истиқлол фурсати бештар тақозо мекард. Шак нест, ктоҷикон беш аз ҳазорсолхоҳони ин ормон буданд ва дар ин роҳкўшиши хастанопазир ба харҷ доданд. Ин ниятдар охири садаи бистум дар лаҳзаи хеле ҳассос рух дод. Тоҷикистон истиқлол ба даст овард, аммо,мутаассифона, аз оғоз гирудори ҷанги ҳамватанӣ, кашмакаши шаҳрвандӣ, низоъи хонагӣба фазои кишвар чангу ғубор овард. Тоҷикистони таърихӣ, нозанин ва ҳамешасабз рўзгори махуф, нохуш ва андўҳбореро аз сар гузаронид. Вартаи ҳалокатовару фоҷиабор фазои ҷомеаро фаро гирифта, мардум аз бесарусомонии сиёсиву иҷтимоӣ ба танг ва ба дард омадаанд. Гирудори тоҷикон паёмади сахт ошўбанда ва табоҳкунандадошт. Ҳама ҷо ва ҳама касро эҳсоси нохуш ва номатлубе фаро гирифт.  

Ба назари ман ин ҷо ба як нуктаи хеле ҷиддӣ ва такондиҳанда диққат бояд дод: Бархе таҳлилгарони хориҷӣ вакоршиносони берунии ҳаводиси сиёсии Тоҷикистон ҳамон вақт аз ояндаи ҷумҳурии мо изҳори нигаронӣ карда, ба муайян кардани сабабҳои аслии барангезиши кашмакаши ҳамватании Тоҷикистон кўшида буданд. Аз ҷумла, ҳолати Тоҷикистон дар яке аз маҷаллаҳои хориҷии онрўз чунин барҳақ ба қалам омадааст: «Дар оташи фитнае, ки нодонҳои худӣ бо ҳамдастии бегонагони бадхоҳ дар Тоҷикистон афрўхтанд, танҳо гудохта шуданд, ҷонҳо гудохта шуданд, хунҳо гудохта шуданд…» (маҷаллаи «Ошно», шумораи сиву дувум, соли шашум, озар ва даймоҳи 1375, с. 13).

 

Аз назар гузарониданд: 502 нафар

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАҲСИЛОТИ ҒОИБОНА

Дирӯз дар факултети таҳсилоти ғоибонаи донишгоҳ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов  конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 25 - солагиии  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчам баргузор гардид. Конфронсро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Ф. Қаюмова ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳозиринро ба муносибати идҳои сиёсии моҳи ноябр табрик намуд ва бо барномаи конфронс аҳли нишастро ошно намуд. 

Сухани аввал ба декани факултет профессор А. Пӯлотов дода шуд. Ӯ зимни суханронии худ дар мавриди зарурати Иҷлосияи ХVI ва манфиатҳои он ба ҳаёти мардум, заҳматҳо ва талошҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат намуда, муносибати худро ҳамчун сиёсатшинос ба тамоми тағйироту инкишофи давлати Тоҷикистон дар даврони истиқлолият изҳор намуд.

 

Аз назар гузарониданд: 520 нафар

ДОНИШҶӮ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ

Бахшида ба Соли ҷавонон ва 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар бинои таълимии №3 маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии «Информатика», таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”доир гардид.

Ба маҳфили илмӣ-амалӣ мудири кафедраи мазкур дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшида, аз мақсади ташкил кардани ин маҳфил ва  ҳадафҳои асосии он ҳарф зад.  Номбурда дар баромади хеш зикр кард, ки иштирокчиёни навбатии ин маҳфили номбурда донишҷўёни соли аввали факултети филологияи рус мебошанд. 

Озмуни мазкур аз рўи 3 шарт «Саволу ҷавоб тариқи шифоҳӣ», «Кор бо тахтаи электронӣ» ва «Ворид намудани матн ба компютер» ба роҳ монда шуд, ки донишҷўён бо лаёқати баланд иҷро намуданд.  

 

Аз назар гузарониданд: 474 нафар

ФИТНАИ ҲНИТ БОЛОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ 2)

Дар Эрон шиори машҳуре ҳаст, бо унвони “Ҳимоят аз мазлумони олами ислом”, ки баъд аз Инқилоби исломии соли 1979 вирди забонҳо гардида, бар асоси он Эрон бояд пуштибони мазлумин ва заифони олами ислом бошад. Ин шиор асосан аз тарафи роҳбарони инқилоб ба роҳ андохта шуд, то дахолатҳои худро дар умури дохилии кишварҳои ҷаҳони ислом бо сарфи миллионҳо доллар аз пули мардуми Эрон барои афкори умумии дохилӣ асоснок кунанд.

Зоҳиран, Эрон таҳти ҳамин шиор мехост ҲНИТ-ро мазлум нишон дода, мавриди ҳимоят қарор диҳад ва баъдан, оҳиста-оҳиста Ҳукумати Тоҷикистонро водор ба музокира бо ҲНИТ намуда, дар ниҳоят масъалаи авф ва бозгашти онро ба саҳнаи сиёсии кишвар дар миён гузорад (ба монанди солҳои 1992-1997). Ва агар ба сомонаи ТЭТ ҲНИТ бо диққат назар кунем, дар навиштаҳои он низ ҳамин андеша ба сурати ошкору ниҳон таблиғ мешавад. Мақолаҳое, монанди “Ҳиҷрати дубораи Наҳзат”, “Наҳзат ин бор бо иззати бештаре бармегардад” ва амсоли он дар ҳамин руҳия навишта шудаанд. Эҳтимолан, ба масъулони сомона гуфта шудааст, ки ҳамин uояро таблиғ кунанд, то афкори умум барои музокира миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ТЭТ ҲНИТ тадриҷан омода шавад.

 

Аз назар гузарониданд: 501 нафар

ФИТНАИ ҲНИТ БОЛОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ 1)

Ин чӣ шeрест, ки дар даври қамар мебинам,

Ҳама офоқ пур аз фитнаву шарр мебинам…

                                                          (ҳофиз)

 

Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла навъи динӣ ва дигар зуҳуроти онҳо, имрӯз ба тамоми кишварҳои олам  ва умуман тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда доранд. Равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ки дорои характери трансмиллӣ мебошад, муттаҳидсозии  кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот  дар сатҳи ҳар як кишвар ва умуман минтақа тақозо менамояд.

Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале дар асл созмондиҳандагони онҳо ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарваранд. Бархе аз онҳо содиқона ба гуфтаҳояшон собит мемонанд ва қисмати дигари онҳо, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешаванд, дар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон баръало намоён мегардад.

Аз назар гузарониданд: 552 нафар

ХАТАРУ ТАҲДИДҲОИ МУОСИР БА СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон чунин оварда мешавад: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Дар ҳақиқат, ифратгароӣ маънои тундравӣ, маҷораҷӯӣ, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифратгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намуд. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси cap задании низою муноқишаҳо гардиданд ва имрӯз ба хатари чиддӣ табдил шуд. 

 

Аз назар гузарониданд: 478 нафар

<< < 35 | 36 | 37 | 38 | 39 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

‹›
ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 1 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар