|
Вақтҳои охир шоҳиди он ҳастем, ки падидаҳои манфии иҷтимоӣ ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд. Ин тамоюл, бешак мардуми ватандўст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонанд. Зеро ин мушкилиест, ки хусусан дар миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад. Бояд ёдрас шуд, ки мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем, аммо гурўҳи ифротгароии Давлати Исломии Ироқу Шом амалҳое анҷом медиҳанд, ки бетараҳҳумии онҳоро таърих кам дар хотир дорад. Мисоли равшани он ба таври ваҳшиёна сар буридан ва дар дохили қафаси оҳанин зинда ба зинда сўзонидани одамон мебошад. Дар таҷриба ба мушоҳида расид, ки он шахсоне, ки бештар тарафдори ин гурўҳ ва ё ба он давлатҳо рафтаанд, гумроҳ ва фирефтаи зархаридони хоҷагони хориҷӣ, душманони миллат гаштаанд.
Аз назар гузарониданд: 567 нафар
|













